21-уми ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳияи Айнӣ семинар-машварати дастурдиҳӣ оид ба баргузории интихобот дар соли 2025 бо иштироки масъулони шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир гардид.
Дар семинар – машварати дастурдиҳӣ муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд Мансур Муҳиддинзода, муовини раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимӣ Носирҷон Юсуфзод, сардори шӯъбаи ташкилӣ, таҳлилӣ, иттилоот ва робитаҳои байналмиллалии дастгоҳи Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов , роҳбарони дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шӯъбаи ташкилии дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳо, раису аъзои эҳтимолии комиссияҳои ҳавзавии интихобот, раис, муовин ва котиби эҳтимолии комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва ҳавзаҳои маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ширкат намуданд.
Гуфта шуд, ки доир кардани чунин маъраки муҳими сиёсӣ ба мисли интихобот зарурати таъсиси ниҳоди махсуси давлатиро тақозо менамояд. Дар ин замина мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунанда барои таъмини роҳбарӣ ҷиҳати омода ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ таъсис дода мешавад. Масъулияти ташкил ва баргузории интихоботи парламентии соли 2025 дар фазои озод, ба таври шаффоф ва бо риояи қоидаҳои демократӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба зиммаи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
Семинар – машварати дастурдиҳии имрӯза ба мақсади баланд бардоштани фарҳангии ҳуқуқии аъзоёни комиссияҳои участкавӣ ва ҳавзавӣ, бархурдор намудани онҳо аз мазмуну моҳияти қонунгузории интихобот ташкил ва гузаронида мешавад. Мо бояд ҷиҳати расонидани кумакӣ методӣ ва амалӣ ба комиссияҳои поёнии интихоботӣ дар самти амалисози қонунгузории интихоботӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар доираи салоҳияти худ дастурамал, тартиб ва қоидаҳоро таҳия ва тасдиқ намуда, онҳоро ба тамоми комиссияҳои интихоботӣ дастрас намоем. Дар умум бояд изҳор дошт, ки бо мусоидати Комиссияи мазкур дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мазкур барои дар сатҳи баланд ва таври муташаккилона доир кардани ин чорабинии муҳими сиёсӣ тамоми шароитҳои арзанда фароҳам оварда шаванд.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки интихоботи дарпешистода омили муҳим ва навбатии таҳкими бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, густариши демократия, таъмини зиндагии арзандаи сокишони кишвар, кафили якпорчагии кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, таҳкими фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, роҳи асосии муттаҳидкунандаи миллат ба нафъи пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва мсъулиятшиносиро тақозо менамояд».
Натиҷаи баргузории интихоботҳо дар солҳои Истиқлоли давлатӣ нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди озод ва ихтиёрӣ будани иштироки шаҳрвандон дар интихобот, фоизи иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ тамоюли болоравиро дорад. Чунин амали шаҳрвандон албатта падидаи нек аст. Ин ҳолат гувоҳи он аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсии кишвар ва низоми идоракунии давлатдорӣ аз боби масъулиятшиносӣ ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ дар назди давлату миллат кор гирифта, муҳим будани овози худро барои таъмини пешрафт ва дурнамои дурахшони Ватани маҳбубамон беш аз пеш дарк намудаанд. Пас ҷойи ифтихор аст, ки фарҳанги ҳуқуқии интихобкунандагон сол аз сол боло рафта истодааст. Яқин аст, ки онҳо интихоботро натанҳо ҳамчун як василаи амалишавии ҳуқуқҳои сиёсии худ, балки воситаи асосии саҳм гузоштан дар ҷодаи идоракунии ҳаёти сиёсии ҷомеа пазируфтаанд. Онҳо эҳсос кардаанд, ки дарёфти роҳи дурусти пешрафт ва тараққиёт дар Тоҷикистон маҳз аз интихоби дурусти онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, боисрор бояд таъкид сохт, ки интихоби дуруст омили ҳамагуна пешравиҳост.
и ещё 4
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Отправить
Поделиться