5-уми ноябр дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғраои маркази ноҳияи Айнӣ бахшида ба 30-юмин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, намояндагони мақомоти қудратӣ дар ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолону сокинон ширкат варзиданд.
Нахуст, Раиси ноҳия бо ҳайати меҳмонон дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бахшида ба таҷлили 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, Сипосномаю дипломҳо тақдим намудад.
Сипас, дар маҷлисгоҳи Қасри фарҳанг маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Таҷлили ҷашни 30-солагии Рӯзи қабули Консутитутсияи Ҷумҷурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллии Ҷумҷурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода зимни суханронӣ сокинони ноҳияро бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Қайд гардид, ки 6 ноябри соли 1994 нахустин маротиба дар таърихи давлатдории навинамон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, соли равон мардуми сарбаланди кишвари азизамон 30-солагии қабули ин санади сарнавиштсозро ботантана ҷашн мегиранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба зарурату аҳамияти қабули Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намудаанд: “Қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт”.
Гуфта шуд, ки бо пешрафти ҷомеа зарурати ба Конститутсия ворид кардани тағйиру иловаҳо пеш меояд ва бобати такмили Конститутсия дар кишварамон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ солҳои 1999, 2003 ва 2016-ум тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда ба таҳкими истиқлоли давлатӣ, такмили идораи давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун, низому суботи ҷомеа ва рушди минбаъдаи устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намуданд. Аз ҷумла, давоми солҳои охир вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят бамаротиб беҳтар гардида, рушди соҳаҳо таъмин гашт ва сатҳи зиндагии мардум бамаротиб боло рафт.
Муқим Муродзода дар идомаи суханрониаш қайд кард, ки айни замон, корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама самтҳо идома дошта, раванди бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза меёбад.
Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Дар зимн, барномаи хубу хотирмони адабӣ-фарҳангӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ва ҳунармандони Қасри фарҳанг ба иштирокчиён пешкаш карда шуд.
и ещё 8
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Отправить
Поделиться