Хабарҳои руз

Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар ноҳияи Айнӣ

Имрӯз 7-уми ноябри соли 2024 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ “Рӯзи милитсияи тоҷик” бо тантана ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабинии идона Раиси ноҳия Муқим Муродзода, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ноҳия, кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия ва собиқадорони меҳнати соҳаи милитсияи тоҷик ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия Муқим Муродзода нахуст, ба сухан баромада, кормандон ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиашон табрик намуда, зикр кард, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Ватан ва дар заминаи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар қатори дигар аркони муҳими давлатӣ пояҳои милитсияи тоҷик низ мустаҳкам гардида, ин ниҳод ба яке аз неруҳои пойдор ва неруманди таъмини суботу амнияти ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳаёти осоиштаи мардум табдил ёфт. Милитсияи тоҷик дар замони ниҳоят душвори таърихӣ ташаккул ёфта, дар бунёди сохтор ва шакли нави идоракунии давлатию ҷамъиятӣ саҳми муносиб гузошт.
Бо ёдоварӣ аз воқеаҳои фоҷиабори солҳои навадуми асри гузашта гуфта шуд, ки кормандони милитсия ва ҷузъу томҳои он ба савганди худ содиқ монда, меҳвари асосии сохтори милитсияи миллиро ташкил дода, бар зидди неруҳои тахрибкунандаи давлату ҷамъият баромада, дар истиқрори ҳукумати конститутсионӣ ва сулҳу суботи Ватан бо ҷасорати худ саҳми бориз гузоштанд.
Сипас, Сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Шерхон Шодмонзода ба сухан баромада кормандони ШВКД ҶТ дар ноҳияи Айнӣ ва собиқадорони меҳнати соҳаро бахшида ба “Рӯзи милитсияи тоҷик” муборакбод гуфт.
Шерхон Шодмонзода гуфт, ки бо дастур, ҳидоят ва ширкати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти фаъолияти милитсия, баланд бардоштани мақоми он шароити мусоиди корию зист фароҳам карда шудааст. Тавре Пешвои миллат роҳнамоӣ мекунанд: “Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд ҳамеша бо мардум бошанд, бо халқ муомила ва ҳамкории хуб дошта, бо рафтору кирдори нек, интизоми баланди хизматӣ, такмили пайвастаи малака ва маҳорати касбии худ эътибору нуфузи намояндаи ҳокимиятро нигоҳ доранд ва дар роҳи риояи қонуният худашон намуна бошанд. Зеро рафтори намунавӣ ва фаъолияти беғаразонаи кормандони милитсия яке аз воситаҳои муҳими пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо ва ҷинояткорӣ ба ҳисоб меравад”.
Сипас, собиқадори соҳаи милитсия Аҳмадхон Алихонов ва сардори Шӯрои ҷамъиятии ҳамкорӣ бо милитсия Узбакой Каримова суханронӣ карда, ҳамаи кормандони ШВКД ҶТ дар ноҳия ва собиқадорони меҳнати соҳаро бо фарорасии “Рӯзи милитсияи тоҷик” муборакбод гуфтанд.
Дар идомаи чорабинии расмӣ, иддае аз кормандони милитсия ва ҷузъу томҳои он бо Сипосномаю Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.
и ещё 19
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Нравится

Комментировать
Отправить
Поделиться
Back to top button