Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ин чорабинии махсуси мақомоти шуғл бо мақсади ташкил кардани алоқаи бевосита байни кордиҳандагони даъватшаванда ва корҷӯяндагон, усули миёнаравии меҳнатӣ мебошад. Бо мақсади бо кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор, ҷалб намудани занони хонашин ба фаъолият, таблиғи сиёсати шуғл ва ҳифзи меҳнат дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Айнӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ташкил ва гузаронида шуд, ки тавассути он шаҳрвандон соҳиби ҷойи кор гардида, нафарони бетахассус барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.
Дар ярмарка намояндагони бахши муҳоҷират дар ноҳия, мутахассиси роҳнамои касбӣ, филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва мудирони кадрҳои ташкилоту муассисаҳо дар байни иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карданд. Дар натиҷа 60 ҷойи кории холӣ пешниҳод шуда, 27 нафар роҳхат гирифтанд ва 11 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода аз рафти ярмарка дидан карда, ба мутасаддиён оид ба дарёфти ҳарчи бештар ҷойҳои кории холӣ ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
46