Ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст.
Субҳи имрӯз, санаи 29-уми январи соли 2025 дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Айнӣ ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид.
Ба ҷашнвора Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо сухани табрикотӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Раиси ноҳия ҳозиринро бахшида ба ин рӯзи хотирмон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла қайд намуд: Ҷашни Сада яке аз анъанаҳои неки ниёгон дар радифи Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон мебошад, ки нишоне аз волоияти тамаддуни мо маҳсуб меёбад. Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, чун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Дар гузашта ва имрӯз мардум онро бо афрўхтани гулханҳои бузург таҷлил менамуданд. Чун оташ дар фарҳанги мардуми ориёӣ рамзи покӣ, рӯшноӣ ва гармӣ буда, сарчашмаи рӯзгори босубот ва зиндагии шоиста маҳсуб меёфт. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳад».
Дар зимн Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷаги ҷангали ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуд.
Дар охир, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертии идона пешниҳод карданд, ки боиси болидахотирии иширокчиён гардид.
и ещё 17
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
92