Хабарҳои руз

Вохӯрии судманд

Санаи 25-уми апрели соли равон дар толори маҷлисии Шӯъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ вохӯрии кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гуруҳи ноҳияҳои Панҷакенти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо фаъолони ноҳияи Айнӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Айнӣ Муҳаммадҷон Абдулзода, Раиси шӯрои собиқадорони меҳнат дар ноҳия Абдушукур Хокирозода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Гулсара Зокирзода, ваколатдорони калони оперативии ШММЗҶМ дар гуруҳи ноҳияҳои Панҷакенти ШММЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилшод Дадабойзода ва Акбар Ҷумъазода, мудирони бахшҳои дин танзими ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, сармутахассисони дин ва танзими ҷашну маросими ҷамоатҳо, намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуданд.
Вохӯриро роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Айнӣ Муҳаммадҷон Абдулзода оғоз бахшида, аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуда, пешгирӣ аз шомилшавии онҳоро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ таъкид намуд.
Баъдан, ваколатдорони калони оперативии ШММЗҶМ дар гуруҳи ноҳияҳои Панҷакенти ШММЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилшод Дадабойзода ва Акбар Ҷумъазода баромад намуда, аз зарурияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки техникаю технология ва шабакаи интернет дар байни ҷавонон васеъ истифода мегардад. Дар ин замина, ҳар як нафар истифодабарандаи шабакаи интернетию иҷтимоӣ, махсусан ҷавононро зарур аст, ки дар доираи ақлу заковат ва тафаккури худ аз ин манбаи иттилоот истифода намоянд ва ба фиреби ташкилотҳои террористию экстремистӣ бовар накунанд.
Дар идомаи баромадҳо зикр карда шуд, ки ҳоло ташкилотҳои террористию экстремистии фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъкардашуда аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, ҷавононро бо суханони бардурӯғу беасос гумроҳ менамоянд. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки дар мавриди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор бошанд ва аз тафаккури интиқодии худ кор бигиранд. Ҷавонон бояд доимо ташаббускор бошанд ва ба корҳои манфиатбахш машғул шуда, дар таҳсилу фаъолият Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.

Leave a Reply

Back to top button