Хабарҳои руз

Соҳаи қутоспарварӣ дар ноҳияи Айнӣ рӯ ба рушд меорад

25-апрели соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ семинари илмию амалии минатақавӣ дар мавзӯи “Рушди соҳаи қутоспарварӣ дар вилояти Суғд” баргузор гардид.
ёДар семинар Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода, намояндагони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Раёсати кишоварзӣ дар ноҳияи Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ, намояндагони хоҷагиҳои қутоспарварӣ дар ин ноҳияҳо ширкат варзиданд.
Нахуст, Раиси ноҳияи Айни ба семинар ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд: “Чуноне ки маълум аст семинари мазкур дар доираи дастуру супоришҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла қутоспарварӣ ва чарогоҳшиносӣ, инчунин, муаррифии дастовардҳои илмию истеҳсолӣ ва пешниҳоду тавсияҳои илман асоснок баргузор мегардад”.
Дар семинар мавзуҳои “Рушди соҳаи чорводорӣ дар таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рушди соҳаи қутоспарварӣ дар ҷумҳурӣ, ҳолат ва дурнамои он”, “Истифодаи чарогоҳҳои баландкуҳ оид ба мақсади рушди соҳаи қутоспарварӣ дар минтақаҳои вилояти Суғд”, “Ҳолат ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ”, “Самти соҳаи қутоспарварӣ дар ноҳияи Айнӣ”, “Роҳҳои баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ, алалхусус қутоспарварӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ”, “Рафти омодагӣ барои сафарбар намудани қутосҳо ба чарогоҳҳои тобистона дар ноҳияи Айнӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар қисми назариявии семинар олимону мутахассисон доир ба дастовардҳои илмию истеҳсолии соҳаи қутоспарварӣ дар водии Зарафшон, истифодаи самараноки чарогоҳҳои мавсимӣ баромад намуданд.
Дар қисмати амалии семинар иштироккунандагон ба дастовардҳои олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИ КТ доир ба саршумори қутосҳои хоҷагиҳои фермерию инфиродии экотипи зарафшонӣ, қутосҳои помирӣ ва ҳолати парвариши онҳо дар чарогоҳҳои минтақа аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
и ещё 6

Leave a Reply

Back to top button