
24-уми апрели соли 2025 бо ибтикори Шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҳамдастии Ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории Фестивал баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки чунин фестивалҳо ҷиҳати гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ва истифодаи самараноки воситаҳои низоми пардохт замина гузошта, дар баланд бардоштани савияи дониши молиявии сокинон мусоидат мекунад.
Нахуст, дар саҳни Қасри фарҳанг намоиши маҳсулотҳои бонкӣ аз ҷониби Ташкилотҳои бонкии молиявӣ ва намудҳои хизматрасонии бонкӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд.
Муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ Суҳроб Раҳматзода зимни суханронии худ қайд намуд, ки дар ноҳияи Айнӣ бо мақсади пурра гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар ин самт тамоми имконияти мавҷуда равона карда мешаванд. Зикр гардид, ки баҳри дар амал татбиқ намудани дастутуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ҷиҳати амалӣ намудани он дар фаъолияти ташкилоту корхонаҳо, ҳамчунин бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2022, №314, Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 вобаста ба баланд бардоштани саводнокии молиявии кормандони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия ва аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Айни замон дар ноҳия ба ҳисоби умумӣ 23 – адад воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ фаъолият намуда истода, 45 адад постерминал ва 19 – адад банкоматҳо насб гардида, аз ҷониби истеъмолкунандагон истифода мешавад ва тавассути постерминалҳо ҳамарӯза аҳолӣ, дигар субъектҳои пардохткунанда, пардохтҳои андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат, пардохтҳои дигар ҳатми буҷет, ҷаримаҳо, маблағҳои суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои давлатӣ пардохт гардида истодааст.
Дар зимн, ба хотири баланд бардоштани савияи дониши молиявии иштирокдорон аз тарафи намояндагони Бонки миллӣ дар мавзӯи “Саводнокии молиявӣ” маърӯзаҳо пешниҳод гардид.
Дар охир, вобаста ба мавзӯи болозикр бо иштирокдорон саволу ҷавоб гузаронида шуда, ба иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.





и ещё 28