Хабарҳои руз

Таҷлили Рӯзи ёдбуди бартарфкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил дар ноҳияи Айнӣ

Ҳамасола 26-уми апрел дар ҳудуди ҷумҳурӣ Рӯзи бартарфкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил бо шукуҳ ҷашн гирифта мешавад.
Вобаста ба ин 24-уми апрели соли 2025 дар толори маҷлисии МИҲД-и ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи бартарфкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил ҳамоиш баргузор гардид.
Ҳамоиш ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд ва бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокдорони садамаи мазкур аз ноҳия баргузор гардид.
Нахуст, муовини якуми Раиси ноҳияи Айнӣ Суҳроб Раҳматзода ба сухан баромада, иштирокчиёни садамаро аз номи Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бахшида ба Рӯзи ёдбуди бартарфкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил табрику муборакбод намуд. Зикр гардид, ки фидокориҳои бартарафкунандагони ин садамаи мудҳиш ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад ва МИҲД-и ноҳия онҳоро ҳамеша дастгирӣ ва қадрдонӣ намуда, хотираи қаҳрамононеро, ки дар рафти бартарафкунии оқибатҳои садама ҷон бохтаанд, пос медорад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чернобилчиён пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Маҳз бо ғамхорию дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори №242 аз 5-марти соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд” қабул карда шуд. Қонуни мазкур бисёр паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоии иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои НБА Чернобилро дарбар гирифта, ба онҳо имтиёзҳои зиёд муайян карда шудаанд. Аз он ҷумла, хизматрасонии тиббии бепул, табобати ҳарсолаи ройгони санаторию курортӣ, истифодаи ройгони нақлиёти мусофиркаш, дохилшавии фарзандони онҳо ба Донишкадаҳои олӣ тибқи квотаи махсуси президентӣ, пардохти ҳақи хизмати алоқа ва суғурта 50 фоиз дар бисёр намуди андозсупорӣ озод карда шудаанд ва бисёр дигар имтиёзҳо муайян карда шудаанд.
Зимнан, раиси “Иттифоқи маъюбони Чернобил” дар ноҳия Салим Алимов дар баромадаш қайд кард, ки аз ноҳияи мо дар бартарафсозии оқибатҳои садамаи аср 17 нафар ҷавонписарон иштирок карданд, ки 4 нафари онҳо дар натиҷаи таъсири нурҳои рентгенӣ бемор гардида, мутаассифона, аз олам гузаштанд, ки инҳо А. Зафарзода, Х.Қаландаров, Ш.Шехонов ва С.Нуриддинов буданд, руҳашон шод бод! Боқимонда 13 нафари дигар дар ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи маъюбони Чернобил” муттаҳид гашта, фаъолият намуда истодаанд.
Инчунин, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Хокирозода Абдушукур вобаста ба мавзуъ изҳори андеша намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ бартарфкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил дар ноҳия бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.
и ещё 4

Leave a Reply

Back to top button