Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ майдони кишти картошка зиёд мегардад

Таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо ва таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кишти картошка дар ноҳияи Айнӣ вусъат бахшида мешавад. Имрӯзҳо кишоварзони ноҳияи Айнӣ бо мақсади рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқаворӣ камари ҳиммат баста, заминҳои корамро самаранок истифода ва кишти картошкаро зиёд мекунанд.
Раиси ноҳия аз рафти кишти картошка дар деҳаҳои Канте, Пинён, Шӯрмашк ва Пасрӯди дараи Аловиддин дидан намуд. Бояд зикр намуд, ки нақшаи кишти картошка дар ҷамоати деҳоти Фондарё 65 гектар буда, айни замон 70 фоизи нақша иҷро шудааст. Дар ин дара 10 гектар заминҳои нав азхуд карда шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.
Рӯзибой Раҳимзода зимни суҳбат бо деҳқонон дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро расонида, қайд намуд, ки ки ҳар як оила бояд ба истифодаи оқилонаву самараноки замин диққати махсус дода, киштро сари вақт ба итмом расонад.
и ещё 20

Leave a Reply

Back to top button