
Нимаи дуюми имрӯз дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ гардонидани кишти заминҳои корам ва обёрӣ намудани онҳо бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода пойгоҳҳои обкашии “Варз-1” ва “Варз-2” пас аз таъмиру навсозӣ ба фаъолият шуруъ карданд.
Пойгоҳи мазкур бо мақсади обёрӣ намудани заминҳои корами Дашти Варз ва Дашти Хушекати Ҷамоати деҳоти Айнӣ сохта шуда, ҳар сол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таъмиру тармим карда мешавад.
Зимни ба фаъолият дар мавсими нав шуруъ кардани пойгоҳҳои обкашии “Варз-1” ва “Варз -2” Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ба корҳои навсозӣ ва таъмиру тармим изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид кард, ки масъулинро мебояд корро дар самти обёрии заминҳои корам ҷоннок карда, эҳтиёҷоти кишоварзонро хуб ба эътибор гиранд. Зеро дастрасии бештар ба оби полезӣ имкон хоҳад дод, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ бозмонда, майдони заминҳои корам васеъ карда шавад.
Дар навбати худ сокинони маҳаллӣ барои чунин ғамхориҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, ваъда доданд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ фаъолият карда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
Раиси ноҳия ба кишоварзону деҳқонон муроҷиат намуда, иброз дошт, ки заминдорон бояд ҳар як сухани Сарвари давлатро вобаста ба ин самт сармашқи кори худ қарор дода, барои истифодаи ҳар як ваҷаб замин талош намояд.





и ещё 13