Хабарҳои руз

МАШВАРАТИ КОРИИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ

28-уми апрели соли 2025 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ машварати кории Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, масъулони Шабакаҳои барқи ноҳия, соҳаи кишоварзии ноҳия ва дигар фаъолон баргузор гардид.
Нахуст, Раиси ноҳияи Айнӣ ба масъулони Шабакаҳои барқи ноҳия ва дигар масъулон муроҷиат намуда, бо иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 25-уми апрел зимни дар машварати кории худ бо масъулини як қатор сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика баён намуданд, изҳор дошт, ки масъалаи таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо неруи барқ аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи давлат ва Ҳукумат маҳсуб ёфта, дар ин самт Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст.
Раиси ноҳия дар назди масъулон сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқро ҳамчун амри муҳимму ногузир вазифагузорӣ намуд.
Таъкид гардид, ки самаранок истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба таъмини фаъолияти мунтазаму боэтимоди шабакаҳои барқ ва низоми энергетикии кишвар мусоидат менамояд. Бо назардошти он ки истифодаи неруи барқ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт рӯз ба рӯз меафзояд, бояд ба самаранок ва мақсаднок истифода бурдани он аҳамияти ҷиддӣ диҳем.
Гуфта шуд, ки истифодаи мақсадноки неруи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад.
Раиси ноҳия таъкид кард, ки агар хоҳем неруи барқро мунтазам истифода карда, дар фасли сармо ба ҷорӣ намудани маҳдудияти истифодаи он зарурият пайдо нашавад, бояд ба исрофкорию дуздии он роҳ надиҳем.
Дар идома Раиси ноҳия аз масъулини соҳаи кишоварзӣ оид ба раванди кишти картошка пурсиш ба амал овард.
Иттилоъ дода шуд, ки рафти кишт дар ҳудуди ноҳия хеле хуб идома дошта, давоми даҳ рӯзи охир ба анҷом расонида мешавад.
Бояд гуфт, ки дар деҳаҳои баландкӯҳ кишти картошка дар давоми моҳи май низ идома гирифта, мувофиқи нақша ба роҳ монда мешавад. Дар умум, кишти картошка дар ноҳия ҳамасола зиёд гардонида мешавад.
Вобаста ба ин, Раиси ноҳия дар назди масъулони Идораи замин ва Раёсати кишоварзии ноҳия масъалаи аз худ кардани заминҳои нав ва ба кишт даровардани он вазифаҳои мушаххас гузошт.
и ещё 4

Leave a Reply

Back to top button