Хабарҳои руз

Мушкилот бартараф шуд

26-уми апрели соли 2025 бар асари фаромадани кӯҳпора ба ҳаракати автомобилҳо дар роҳи Айнӣ – Панҷакент мушкилот пеш омад.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба ин ҳолати фавқулодда фавран таваҷҷуҳ намуда, тамомм техникаҳои Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди ноҳияро барои бартараф кардани мушкилот равона намуд.
Таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода МДНРА дар якҷоягӣ бо Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиа гоажданӣ дар ноҳияи Айнӣ бо дастаи махсуси наҷотдиҳӣ дар водии Зарафшон ҷидду ҷаҳд намуда, аввал барои гузаштани як автомобил фавран роҳ кушода шуд ва имрӯз роҳ пурра аз кӯҳпораҳо тоза карда шуда, барои ҳаракати автомобилҳои хурду бузург ягон мамоният вуҷуд надорад.
и ещё 16

Leave a Reply

Back to top button