Хабарҳои руз

Муаррифии муовини Раиси ноҳияи Айнӣ

26-уми апрели соли 2025 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маросими муаррифии муовини Раиси ноҳияи Айнӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Ғолибҷон Шарифзода Қарори Раиси ноҳияро дар бораи ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Айнӣ таъин намудани Фарҳод Мукаррамзода, ки бо ризогии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст, ба самъи фаъолони ноҳия расониданд.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода ба Фарҳод Мукаррамзода барору комёбиҳо таманно намуда, барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди фаъолони ноҳия вазифаҳои мушаххас гузошт.

Leave a Reply

Back to top button