
Дар маҷлисгоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ машварати кории Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода баргузор гардид.
Дар машваратии корӣ мудирони шуъбаву бахшҳои Дастгоҳи Раиси ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони таҳкилоту муассисаҳо, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони кумитаҳои маҳалл, имомони масҷидҳо, намояндагони занону ҷавонон ва дигар фаъолони ноҳия ширкат намуданд.
Дар машварати корӣ Рӯзибой Раҳимзода –Раиси ноҳияи Айнӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, идомаи корҳои саҳроӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии тоҷикистон ҷалб намуд.
Рӯзибой Раҳимзода аз масъулон ҷиҳати ҷараёни корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла кишти картошка пурсиш ба амал оварда, оид ба муташаккилона, саривақту босифат ба роҳ мондани корҳо ва истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам, инчунин истифодаи дурусти қувваи неруи барқу саривақт пардохти маблағи он дастуру тавсияҳо дод. Таъкид гардид, ки ба кишти картошка, ки нони дуюм номида мешавад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то ки аз он ҳосили фаровон рӯёнида шавад.





и ещё 2
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
63