
8-уми майи 2025 дар майдончаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази ноҳияи Айнӣ бахшида ба 80-солагии Рӯзи ғалаба бар фашизм, бо назардошти аҳамияти оламшумули ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни ҷанг, посдории хотираи шаҳидон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҷлили Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо тантана ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабинии идона Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд Абдуазиз Зуҳуров, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони сохторҳои қудратӣ, бартарафкунандагони садамаи Чернобил, собиқадорони меҳнат, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Нахуст, Рӯзибой Раҳимзода дар якҷоягӣ бо намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони ҷангу меҳнат дар назди лавҳаи хотирот гул гузошта лаҳзае барои гиромидошти қаҳрамонони Ватан лаҳзае сукут ихтиёр карданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ба сухан баромада, ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомадро ба таҷлили 80-солагии таҷлили Рӯзи ғалаба табрику таҳният гуфта, барояшон рӯзгори ободу осуда, зиндагии бардавом, тансиҳатӣ ва дар хоки Ватан амнияту осоиштагӣ таманно намуда, аз ҷумла зикр намуд: – Ҳамасола дар арафаи иди Ғалаба мардум аз он родмардоне, ки дар рӯзҳои барои ватан мушкил ба даст яроқ гирифта ба муқобили душманон ҷангидаанд, ёд аз он замоне мекунанд, ки бародарону додарон, шаҳрвандон барои дифои Ватани маҳбуби худ ба майдони муҳорибаҳои хунин рафтанду баъзеҳо барнагаштаанд.
Дар ин ҷанг аз ноҳияи Айнӣ, 2200 нафар фиристодагони мо барои дифои ватан ва шарафу номуси ватандорӣ дар набардҳо шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон додаанд, ки 900 нафарашон дар майдонҳои ҷанг ҳалок гаштаанд ва 1300 нафари онҳо ба Ватан баргашта, кор ва фаъолияти худро идома доданд. Ин рӯз баъди гузашти солҳо низ корнамоиҳои эшон дар дилу дида хотираи мардум боз ҳам равшантар мегардад ва барои ояндагон ин корнамоиҳо сабақи зиндагӣ ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ваҳдату ҳамдастии мардуми олам дар таъмини ин Ғалабаи таърихӣ, ки ба ҳифзи озодӣ ва истиқлоли инсоният нигаронида шудааст, аз ҷумла таъкид намудаанд: “Қобили зикр аст, ки ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷаи муборизаи дастаҷамъонаи мардуми собиқ шӯравӣ ва кишварҳои гуногун ба даст омадааст ва намунаи муборизаи озодихоҳонаи халқу миллатҳои мухталиф мебошад”.
Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуазиз Зуҳуров табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокчиён қироат намуда, мардуми сарбаланди ноҳияи Айниро барои таҷлили ҷашни 80-умин солгарди Рӯзи ғалаба муборакбод гуфт.
Дар зимн, якчанд нафар собиқадорони интернатсионал бахшида ба 80-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо нишони сарисинагӣ сарфароз гардонида шуданд.





и ещё 20
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
80