
Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар таърихи инсоният аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо ба ҳисоб рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанӯз дар ҷисму қалби мардуми сайёра эҳсос мегардад ва ҳар сол мардуми сулҳдӯсти сайёра, аз ҷумла мо – сокинони заҳматкаши ноҳияи Айнӣ даҳшати ин ҷанги хонумонсӯзро ёдоварӣ намуда, 9 –уми майро ҳамчун санаи таҷлили корномаи мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн мегирем.
Дар арафаи ин ҷашни пуршукуҳ Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар якҷоягӣ бо роҳбарияти мақомоти қудратии ноҳия ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ба дидорбинии афсарону сарбозони қисми ҳарбии дидбонгоҳи сарҳадии 0203-и мавзеи Исрофилободи ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, ҷасурони марзбони кишварро бо фарорасии 80-солагии Рӯзи ғалаба муборакбод намуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода зимни суханрониаш дар чорабинӣ аз нақши сарбозону афсарон дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таъмини амнияти миллӣ ёдовар шуда, ба фарзандони содиқи Ватан ва ҳомиёни марзу буми кишвар барои иҷрои хизматҳои шоиста изҳори миннатдорӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар воқеъ афсарону сарбозон дар таъмини якпорчагии кишвар, пойдории Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи марзу буми диёри азизамон диловарии бемисл нишон дода, борҳо собит намудаанд, ки хизмат ба халқу кишвари азиз, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ вазифаи асосӣ ва қарзи муқаддастарин мебошад.
Мо насли имрӯза гуфт Рӯзибой Раҳимзода мефахрем, ки дар қатори намояндагони миллату халқиятҳои дигар, 300 ҳазор нафар тоҷикистониён низ дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо эҳсоси баланди ватандорӣ иштирок намуда, дар таъмини Ғалаба саҳми бо сазои худро гузоштаанд, ки зиёда аз 100 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.
Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки “Ғалабаи инсоният дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дорои аҳмияти бузурги таърихи буда, сарфи назар аз ҷаҳонбинии сиёсӣ, динӣ ва мансубияти қавмии наҷотии миллатҳо ва халқҳои гуногуни олам бо иттиҳоду ягонагӣ тавонистанд ваҳшонияти фашизмро дар миқёси сайёра аз байн баранд”.
Дар зимн, ба афсарону сарбозони шуҷои Ватан тӯҳфаҳои идона тақдим гардида, барои хушу хотирмон истиқбол гирифтани 80-солагии Рӯзи ғалаба бар фашизм дастархони идона ороста шуд.





и ещё 9
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
74