
Имрӯзҳо дар ноҳияи Айнӣ чорабиниҳои гуногун ба шарафи фасли гулафшони ҷавонӣ ва насли фархундаиқболи миллат пайгирона баргузор гардида, тантанаҳо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон идома доранд.
Субҳи имрӯз, 13-уми майи соли 2025 дар маҷлисгоҳи МТМУ-и №1-и маркази ноҳияи Айнӣ Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси ноҳия баргузор гардид.
Дар оғози кори ҷаласа Рӯзибой Раҳимзода Раиси Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси ноҳия таъйин гардид.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода зимни баромади худ иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар эътимоди комил дошта, аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор доданд.
Зикр гардид, ки имрўз ҷавонони саодатманди кишвар, ки ояндаи давлату миллат ва нерӯи созанда ба ҳисоб мераванд, бо ташаббусҳои наҷибу бунёдкорона ва қобилияти баланди зеҳниву ҷисмонӣ дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми муносиб мегузоранд. Ҷавонони ноҳияи Айнӣ иштирокчии фаъоли маъракаҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ буда, дар корҳои ободонию бунёдкорӣ низ саҳм мегиранд ва муборизи зидди падидаҳои номатлуби аср мебошанд.
Дар зимн, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдуваҳҳоб Шарифзода оид ба фаъолияти кории Бахш дар зарфи як соли 2024 ва панҷ моҳи соли 2025 гузориш дод. Қайд гардид, ки Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар давоми як солу панҷ моҳ ҷиҳати амалӣ намудани нақша – чорабиниҳои МИҲД-и ноҳия дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош варзида ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардид.
Зимнан, Раиси Ҷамоати деҳоти Рарз ва якчанд нафар ҷавонону гирандагони Стипендияҳо баромад намуданд.
Дар идома Нақшаи кории Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси ноҳия барои соли 2025 тасдиқ карда шуд.
Дар охир, ба ҷавононе, ки курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат”-ро аз рӯи Барномаи “Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба итмом расониданд Шаҳодатномаҳо тақдим гардида, ҳамзамон маросими супоридани Стипендияҳои Раиси ноҳия доир карда шуд.





и ещё 13
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
80