Хабарҳои руз

Машварати кории Раиси ноҳияи Айнӣ бо масъулони соҳаи кишоварзӣ

13-уми май дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ машварати кории Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо масъулони соҳаи кишоварзии ноҳия баргузор гардид.
Дар кори машварат вазъи соҳаҳои қутоспарварӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбуриасалпарварӣ ва боғдорӣ муҳокима гардида, ба кишти зироати полезӣ, бахусус кишти картошка аҳамияти махсус дода шуд.
Ба Раиси ноҳия иттилоъ доданд, ки кишти зироати баҳорӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, кишти картошка дар қиёс ба соли гузашта ба маротиб зиёд карда мешавад.
Айни ҳол дар деҳоти баландкӯҳи ноҳия кишти картошка оғоз гардида, то охири моҳи май ба анҷом расонида мешавад.
Рӯзибой Раҳимзода -Раиси ноҳияи Айнӣ ба масъулон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, афзуд, ки ба ҳама маълум аст, ки мо таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амнияти озуқавории кишварро дар баробари таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии давлати худ эълон намуда, дар роҳи татбиқи он ба рушди тамоми бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин, яъне истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам, бахусус заминҳои обӣ таваҷҷўҳ ва афзалияти хоса медиҳем.
Ман, гуфт Раиси ноҳия ба ғайрату ҳиммат ва таҷрибаи кишоварзони ноҳияамон итминони комил дорам ва бовар дорам, ки онҳо норасоиву мушкилоти имрўзаро дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин бартараф намуда, мисли ҳарвақта дар фаровонии дастурхони мардумамон, ободиву сарсабзии ватанамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзандаву сазовори худро мегузоранд.
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

41

Leave a Reply

Back to top button