Хабарҳои руз

Таҷлили Рӯзи оила дар ноҳияи Айнӣ

Ҳамасола санаи 15-уми май дар саросари кишвари азизамон Рӯзи оила бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат, субҳи имрӯз санаи 14-уми майи соли 2025 бахшида ба Рӯзи оила дар тарабхонаи «Варз»-и маркази ноҳияи Айнӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ оилаҳои намунавии ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, шӯрои занон, собиқадорони меҳнат ва дигар фаъолон ширкат намуданд.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода баромад намуда, аз ҷумла чунин қайд кард: – Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ба таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эъҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо чун мактабти беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд: “Оила дар фарҳанги мардуми сарбаланди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эҳтирому эътироф шуда, дар он беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ ташаккул меёбад”.
Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ дар семоҳаи аввали соли 2025 танҳо дар ноҳия аз 136 оилаҳои навбунёд 20 адади он аз ҳам пош хурдааст, ки хеле шигифтаангез аст, ки нисбати семоҳаи аввали соли гузашта 7 адад зиёд мебошад. Ба маврид аст гуфтаи яке аз мутафаккиронро ба ёд орем; “Шавҳару зан мисли дастҳо ва чашмонанд вақте ки дастҳо дард мекашанд, чашмҳо гиря мекунанд, вақте ки чашмҳо мегирянд, дастҳо ашкро пок мекунанд”.
Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад.
Бояд хотирнишон сохт, ки ду қонуни миллӣ: – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳз бо мақсади таҳкими оилаҳо ва пешрафти онҳо ба тасвиб расидаанд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “ Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст.
Раиси ноҳия аз ҳунарҳои мардумие, ки дар ҷамъомад ба маърази тамошо гузошта шуда буд дидан карда, ба ҳунармандон тавсияҳои муфид дод.
Дар давоми чорабинӣ, аз ҷониби бахши САҲШ-и ноҳия ба як қатор оилаҳои нав шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ҳадя карда шуд, ки Раиси ноҳия онро бо тантана ба ҷавонони саодатманди ноҳия супорид.
Дар зимн, иштирокчиён доир ба пойдории оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила, омилҳои пошхӯрии оилаҳо ва риояи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ибрози андеша намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба оилаҳои намунавии ноҳия аз ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои саҳми назаррас гузоштанашон дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҷомеа туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тақдим гардид.
и ещё 14
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

59

Leave a Reply

Back to top button