
Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2007, №225 “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ” ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми қаламрави кишвар маъракаи умумимиллии дав барои солимӣ ва оммавияти варзиш доир карда мешавад.
Вобаста ба ин субҳи имрӯз, 18-уми майи соли 2025 бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар маркази ноҳияи Айнӣ маъракаи Марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ баргузор карда шуд.
Маърака аз соати 7:00 шурӯъ гардида, хурду бузург аз назди Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилӣ то назди бинои Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳия дар он фаъолона ширкат варзиданд.
Масофаи Марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ 3 километрро дарбар гирифта, иштирокчиён тавассути роҳи асосӣ то маркази ноҳия байни ҳам сабқат намуданд.
Ҳамзамон, дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ин маъракаи муҳими варзишӣ роҳандозӣ гардид, ки хурду бузурги ноҳия дар он фаъолона ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки бо мақсади амалӣ намудани сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди оммавияти варзиш ва ҷалби ҷомеа ба таҳкими дӯстӣ ва ваҳдати саросарӣ, имрӯз сокинони ноҳия низ бо рӯҳбаландӣ дар ин чорабинии умумиҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.
Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар ҷомеа ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тамоми шароитҳои заруриро фароҳам меорад.
Шаҳрвандони мамлакат, бахусус ҷавононро лозим меояд, ки аз чунин шароитҳои мусоид самаранок истифода карда, барои солимии худ ва ноил гардидан ба дастовардҳои баланди варзишӣ саъю кӯшиши худро равона созанд. Зеро ҷомеаи солим аз афроди солим ташаккул меёбад.
Маъракаи Марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ ин яке аз омилҳои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст. Дар баробари ин маъракаи мазкур баҳри инкишофи варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва таъмини ширкати ҷавонони мамлакат дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда, дар интиҳо ғолибон бо диплому сипосномаю ифтихорнома ва тӯҳфаҳои Раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 43
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
82