
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз фаъолияти пойгоҳи обкашии “Сангистон” шинос гардида, бо масъулини соҳаи обтаъминкунӣ суҳбат анҷом дод.
Гуфта шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бояд фаъолияти пойгоҳҳои обкашии ноҳияро дар ҳолати хуби корӣ қарор дода, заминҳои корамро бо оби доимӣ таъмин намоем.
Пойгоҳи обкашии “Сангистон” ҳамаи заминҳои мавзеи Лангар ва Дашти Сангистонро бо об таъмин менамояд.
Раиси ноҳия ба масъулони Идораи обтаъминкунӣ ва Раёсати кишоварзии ноҳия дастур дод, ки дар мавсими кишти баҳорӣ тамоми деҳқонон бояд ба об дастрасӣ дошта бошанд. Таъкид шуд, ки ҳар ваҷаб замин бояд самаранок истифода гардида, бо истифода аз имкониятҳо кишти зироатҳо ва байни қатори боғҳо низ, васеъ ба роҳ монда шавад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар пеши масъулон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб заминро гузошта, таъкид кард, ки баҳри азхудкунии заминҳои нав ва ба майдони кишт ворид намудани онҳо ва ба ин васила саҳми босазо гузоштан дар таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар ҷаҳду талош варзанд.





и ещё 8
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
67