Хабарҳои руз

Машварати кории раиси ноҳияи Айнӣ

Дар маҷлисгоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ машварати кории Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони Раёсати кишоварзӣ, идораи Кумитаи замин, Бахши саноат, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ва дигар фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар машварати корӣ Рӯзибой Раҳимзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоти худ бо фаъолон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон санаи 17-уми май дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон иброз доштанд, ҷалб намуд.
Раиси ноҳия масъалаҳои марбут ба таъмини фаъолияти мунтазами соҳаҳои хоҷагии халқ, боло бурдани самаранокии истеҳсолот дар бахши саноат, баланд бардоштани сатҳи маданияти истифодаи замину об, инчунин, вазъи корҳои созандагиву ободонии ноҳияро баррасӣ намуда, дар назди масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифаҳои мушаххас гузошт.
Рӯзибой Раҳимзода бо иқтибос аз суханҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии он ҳидоят намуд.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия таваҷҷуҳи фаъолонро ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, идомаи корҳои саҳроӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии тоҷикистон ҷалб намуд.
Инчунин, Рӯзибой Раҳимзода аз масъулон ҷиҳати ҷараёни корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла кишти картошка пурсиш ба амал оварда, оид ба муташаккилона, саривақт ва босифат ба роҳ мондани корҳо ва истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам дастуру тавсияҳо дод.
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

55

Leave a Reply

Back to top button