
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, пайваста дар баромадҳояшон ба мутасаддиён дастур медиҳанд, ки рушди минбаъдаи пилларо бо истифода аз ҳама захираву имконоти мавҷуда таъмин намоянд.
Дар воқеъ, пиллапарварӣ аз соҳаҳои бисёр сердаромаду афзалиятноки иқтисодӣ буда, барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии кишварамон, рушди саноати сабук, истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба саломатӣ безарар, инчунин таъмини ҳазорон нафар мардум бо ҷойи кор нақши муҳим дорад.
Субҳи имрӯз, санаи 20-уми майи соли 2025 дар ноҳияи Айнӣ аввалин шуда хоҷагии деҳқонии Меҳргон пилла супорид.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парвариши кирмак ва зиёд намудани маводи хӯрокаи он эътибори махсус дода, ба мутасаддиёни соҳаи кишоварзӣ дастур дод аз ҳисоби заминҳои нав азхудкардашуда тутзор ташкил намоянд.
Бояд гуфт, ки пиллаи истеҳсоли ноҳияи Айнӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ ва ҷаҳонӣ аз ҷиҳати сифат яке аз беҳтаринҳо пазируфта мешавад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода зимни супоридани пиллаи аввалин дар ноҳия ба кирмакпарварони пешқадам изҳори сипос намуда, қайд кард, ки пилла ашёи хоми пурбаҳои саноатӣ маҳсуб ёфта ба рушду пешбурди соҳа эътибори хоса бояд зоҳир карда шавад. Тавре маълум аст, мавсими кирмакпарварӣ ҳарчанд бештар аз як моҳро дарбар мегирад, он аз кирмакпарварон заҳмати пурмашаққати шабонарӯзиро талаб мекунад.
Рӯзибой Раҳимзода иброз дошт, ки ноҳияи мо барои рушди соҳаи пиллапарварӣ шароити мусоид дорад, имрӯз замоне фаро расида, ки бо афзун намудани заминаи хӯроки кирмаку тақсимоти саривақтии тухмии он ва зиёд намудани парваришгоҳҳои махсуси кирмакпарварӣ рушд бахшем ва ба ин васила корхонаҳои саноатии мамлакатро бо ашёи хом таъмину барои ҳазорон нафар ҷойи нави корӣ муҳайё созем.
Раиси ноҳия пиллапарварони пешқадами ноҳияро бо мукофотҳои арзанда қадрдонӣ намуд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 4
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
45