
Дар ноҳияи Айнӣ барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 595 иншооти таъйиноти гуногунро ба нақша гирифтаанд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз рафти иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Дар-Дар боздид кард.
Нахуст, Раиси ноҳия аз таъмиру таҷдиди Хонаи фарҳанг дидан карда, бо сохтмончиёну дигар мутасаддиён суҳбат намуд.
Рӯзибой Раҳимзода зимни суҳбат қайд кард, ки рушди соҳаи фарҳанг ҷузъи муҳими тарбияи маънавии аҳли ҷомеа буда, таҳлили амиқи вазъи соҳа, дастоварду камбудиҳои он ҳамеша дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ арзёбӣ мешаванд. Ин аст, ки ба манзури рушди соҳаи фарҳанг аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, то кунун ҷиҳати ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ иқдомҳои амалӣ сурат гирифтаанд. Дар ноҳияи Айнӣ низ ин иқдом бо маром рӯ ба рушд ниҳода, аз ҷониби МИҲД-и ноҳия пайваста муассисаҳои фарҳангии нав сохта мешаванд.
Айни ҳол дар Хонаи фарҳанги деҳаи Дар – Дар корҳои таъмирӣ оғоз ёфта, он дар якҷоягӣ бо китобхонааш аз таъмири капиталӣ бароварда мешавад. Рӯзибой Раҳимзода ба сохтмончиён барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дода, таъкид дошт дар муҳлати муайяншуда онро ба анҷом расонанд.
Баъдан, Раиси ноҳия аз рафти бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумми №52 дар деҳаи Хайробод дидан кард.
Дар деҳаи Хайробод соҳибкор Зинҳорбек Исрофилов як муассисаи таълимии дуошёна дар назди МТМУ-и №52 сохта истодааст, ки он иборат аз 8 синфхона, ҳуҷраи директор, ҳуҷраи муаллимон, ҳуҷраи муҳосибот ва як ҳолл иборат мебошад.
Муассиса бо маблағи 1 миллиону 800 ҳазор ба нақша гирифта шуда он аз санги маҳаллӣ бунёд гардида истодааст. Дар назди муассиса инчунин майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар ояндаи наздик бояд ба анҷом расонида шаванд. Муассиса барои 240 нафар хонанда бунёд хоҳад шуд ва то имрӯз корҳои сохтмонӣ дар он қариб 80 фоиз ба сомон расонида шудааст.
Рӯзибой Раҳимзода зимни суҳбат бо намояндагони соҳаи сохтмони ноҳия ва дигар фаъолону мутасаддиён гуфт, ки то фарорасии соли нави хониш корҳои сохтмониро ба итмом расонида, мактабро барои фаъолият омода намоянд.
Ҳамзамон, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Дар-Дар аз ҷониби соҳибкор Зинҳорбек Исрофилов Маҷмааи хизматрасонӣ бо фарогири тӯйхона, ва мағозаҳои гуногун сохта мешавад, ки Раиси ноҳия ин иқдомро боиси ифтихор ва хеле муҳим арзёбӣ кард. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аллакай 50 фоиз иҷро гардида, дар давоми соли 2025 ба анҷом расонида мешаванд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 18
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
38