
Мақомоти иҷрояи ноҳияи Айнӣ бо дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷроиши кишти картошкаро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ зиёд карда, бо дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ташкилоту муассисаҳо низ муваззаф шуданд кишти картошкаро васеъ ба роҳ монанд.
Бояд гуфт, ки вусъати корҳои саҳроӣ ва кишти бомаром дар ноҳия зери назорати қатъии Раиси ноҳия қарор дошта, Рӯзибой Раҳимзода пайваста бо кишоварзону деҳқонон дар сари заминҳо суҳбату мулоқотҳо анҷом медиҳад.
Раиси ноҳия зимни мулоқоту суҳбатҳо бо деҳқонон ва масъулони соҳаи кишоварзӣ бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсияҳо дода, таъкид мекунад, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ ба кишти зироат ва дигар корҳои саҳроӣ вусъат бахшида шавад.
Ҳамчунин, дар суҳбатҳо таъкид карда мешавад, ки ҳар як оила бояд ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ диққати махсус дода, киштро сари вақт ба итмом расонад. Зеро, бо сари вақт кишт намудани зирооти гуногун барои ҳосили фаровон замина гузошта, дар натиҷа фаровонии бозори истеъмолӣ дар кишвар таъмин мегардад.
Ҳамакнун, заминҳои кишти беда низ ҷуфт ва дар ҷойи онҳо кишти картошка васеъ ба роҳ монда мешавад. Кормандони ташкилоту муассисаҳо вазифадор мешаванд на кам аз даҳ сотих картошка кишт намоянд. Бо ибтикори МИҲД-и ноҳия тухмӣ дастрас гардида, кишт бо маром идома дорад.
Айни ҳол, дар заминҳои назди бинои Қисми ҳарбии 07045-и Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳия кишти картошка идома гирифта, мутасаддиён дар навбати аввал ният доранд наздики 1 тонна картошка кишт намоянд. Ҳамчунин, дар назди заминҳои Қисми низомӣ дигар зироатҳо кишт гардида, нашъунамои нахуд ва дигар зироатҳо авҷ мегиранд.





и ещё 10
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Поделиться