Хабарҳои руз

Таҷлили Рӯзи Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

Имрӯз дар қисми ҳарбии 0203-и дидбонгоҳи сарҳадии Исрофилобод бахшида ба 31-солагии Рӯзи таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ба муносибати Рӯзи Қушунҳои сарҳадӣ ба муҳофизони марзу буми Ватани азизамон Тоҷикистон ва кормандону хизматчиёни ин ниҳоди қудратӣ паёми табрикотии худро расонида, зикр намуд, ки маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти қушунҳои сарҳадӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохиливу берунаи кишвар мубаддал гардид.
Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҷумлаи сохторҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоламон буда, дар баробари муҳофизати сарҳади давлатӣ тамомияти арзии мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва амнияти сокинони кишварро сарбаландона таъмин менамоянд. Яъне сарҳадбонони мо қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-модар, халқи тоҷик ва давлати соҳибихтиёри тоҷикон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҷасуронаву далерона ба ҷо оварда истодаанд.
Дар ин раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд: “Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷасорату далерӣ ва хизмати содиқонаву софдилонаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро ҳамеша қадршиносӣ мекунад.”
Дар зимн, ба афсарону сарбозон бахшида ба Рӯзи Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ ва дастархони идона густурда шуда, аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия консерти идона намоиш дода шуд.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия дар Қисми ҳарбии 07045-и Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳия афсару сарбозонро бахшида ба 31 – солагии Рӯзи таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба онҳо туҳфаҳои идона супорид.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 14

Leave a Reply

Back to top button