Хабарҳои руз

Таҷлили Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳияи Айнӣ

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар боғчаи кӯдаконаи №4-и шаҳраки Зарафшон – 1-и ҷамоати шаҳраки Зарафшон чорабинии идона доир гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ширкат варзид.
Нахуст, Раиси ноҳия аз маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, ки кӯдакону омӯзгорони боғчаи №4 “Кулча” омода намудаанд, дидан карда, баҳои баланд дод.
Рӯзибой Раҳимзода зимни баромади худ иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакону наврасон пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ меандешад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳаёти кӯдакону ҷавонон бетавофут набуда, ояндаи кишварро аз ҳастии онҳо дониста, иброз намудаанд: “Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад”.
Аз ин рӯ мо – калонсолон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурии вобаста ба омӯзишу парвариши кӯдакони синни томактабӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир менамояд. Бояд қайд намоям, ки шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия ҳамасола афзуда истода соли ҷорӣ боз ду муассисаи кӯдакона мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Дар зимн, мураббиёни боғчаҳои ноҳия ва кӯдакони боғча бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Барномаи хубу хотирмони фарҳангӣ идомабахши чорабинӣ гардид.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 20

Leave a Reply

Back to top button