
Санаи 28-уми майи соли 2025 бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода фермаи паррандарварӣ дар мавзеи Дашти Хушекат ба фаъолият шуруъ кард.
Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси Раиси ноҳияи Айнӣ бо дарназардошти таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 17 май дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон суханронӣ намуда, барои амалисозии ҳадафҳо соҳаҳои даромаднок масъулин якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карда шуда буданд, таъсиси боз як фермаи паррандапарвариро дар ноҳия ба роҳ монд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар Дашти Хушекат бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкор аз деҳаи Хушекат Шарофқул Ҳасанов фермаи паррандапарварӣ бунёд намуд.
Соҳибкор Шарофқул Ҳасанов дар ду бинои омодакардааш парвариш ва фурӯши 18 ҳазор мурғи гӯштиро ба роҳ монд. Новобаста аз он, ки парвариши мурғ нозукиҳои зиёдеро талаб мекунад, соҳибкор талош дорад, шумораи онро ба таври муносиб ба роҳ монда, дар рушди соҳаи истеҳсолот саҳми бориз гузорад. Бо ба кор даромадани ин ферма мардуми ноҳияи Айнӣ бо маҳсулоти тару тоза таъмин гардида, метавонанд бо нархи дастрас маводи заруриро истеъмол кунанд.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода гуфт, ки таъсиси чунин фермаи гӯштӣ дар вазъияти ҳозира хеле муҳим мебошад. Айни ҳол дар ферма 6 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 4