
29-уми майи соли 2025 Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо сокинони мавзеи Дашти Сангистон ва деҳаи Сангистон мулоқот доир намуд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин, сардори ШВКД ҶТ дар ноҳияи Айнӣ Алиҷон Рауфзода иштирок ва суханронӣ кард.
Нахуст, Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода ба ҳозирин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар мулоқоти худ бо фаъолон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон санаи 17-уми май дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон иброз доштанд, расонид.
Раиси ноҳия зимни суханронии худ оид ба истифодаи сарфакоронаи қувваи неруи барқ ва саривақт пардохти маблағи он, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” изҳори ақида кард.
Рӯзибой Раҳимзода ба сокинони деҳа оиди роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҷалб намудани онҳо ба ватанпарастӣ ва бо сарбаландӣ адо намудани хизмати Ватан – Модар, баргузор намудани маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ дар доираи меъёрҳои қонун, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру тавсияҳо дода, бо иқтибос аз суханҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии он ҳидоят намуд.
Рӯзибой Раҳимзода таваҷҷуҳи сокинонро ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ таҳия гардидаанд ва барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шудаанд, ҷалб намуд.
Зикр гардид, ки ҳамакнун дар қонунгузории кишвар дар самти истифодаи ғайриқонунӣ, вайрон кардани қоида аз меъёрҳои истифодаи қувваи барқ, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткуни ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозгирӣ, талаф ва дуздии нерӯи барқ ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст ва дар сурати вайрон намудани ин қонун аз ҷарима то маҳрум сохтан аз озодӣ таҳдид мекунад.
Сипас, сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия Алиҷон Рауфзода дар мавриди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳамкорӣ намудан бо милитсия ва дар якҷоягӣ пешгирӣ намудани ҳар гуна ҷинояткорӣ суханронӣ кард.
Дар зимн, Муҳаррама Насриддинова собиқадори соҳаи маориф аз номи сокинони деҳаи Сангистон ва мавзеи Дашти Сангистон ба Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сиёсати созандаашон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда дод, ки сокинони деҳот ҳамеша аз ҳамин сиёсати бунёдкорона дастгириӣ намуда, дар ободу зебо гардонидани ватани азизамон саҳмгузор хоҳанд буд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 9