
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи беҳтар намудани шароит ва имконоти дастрасии ятимон ба таҳсилу зиндагии арзандаро зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор додааст ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як боздиди кории худ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ятимон мулоқот анҷом дода, ба масъулон ҷиҳати беҳтар намудани шароити зисту таълим ва вазъи моддиву техникии таълимгоҳҳои онҳо дастуру супоришҳо медиҳанд.
Дар пайравӣ ба амалҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо ятимони кулли ноҳия суҳбату мулоқот намуд.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол ятимони кулли бо амри тақдир бесаробон монда дар ноҳияи Айнӣ 12 нафарро ташкил медиҳанд, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд.
Аз ҷониби Раиси ноҳия ба 12 нафар ятими кулл туҳфа ва кумаки молиявӣ тақдим гардида, дар арафаи Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон дастархони идона ороста шуд, ки ин боиси болидарӯҳии онҳо гашт.
Раиси ноҳия зимни мулоқот бо ятимони кулл гуфт, ки Шумо фарзандони азизи давлат, миллат ва пеш аз ҳама фарзандони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастед. Мо дар оянда низ бо пуштибони аз ҳамин сиёсати накӯ амал намуда, ҳамеша дасти кумак ба ҳар яки Шумо ва дигар эҳтиёҷмандон дароз хоҳем кард.
Дар воқеъ, дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд – хислатҳои неки инсонист. Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 8