
Субҳи имрӯз дар Ташкилоти ҷамъияти “Дасгирии Маъюбони ноҳия Айнӣ”, ки дар бинои Боғчаи бачагонаи №3-и маркази ноҳияи Айнӣ ҷойгир гаштааст, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки кӯдакони маъюб чорабинии идона баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ширкат намуда, кӯдакони маъюбро бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон табрику муборакбод кард.
Раиси ноҳия зимни баромади худ қайд кард, ки аз рӯи анъана ҳар сол рӯзи 1 июн дар аксар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳануз 67 сол муқаддам бо қарор Анҷумани Шӯрои Федерастияи байналмилааи демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 таҷлил карда шудааст. Бо назардошти аҳмияти бузурги ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлоли давлатӣ Консепсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳони меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнин меҳнати кӯдакон ва дигар асонди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ бо муқарророти онҳо мутобиқ гардонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи мо Ташкилоти ҷамъияти “Дасгирии маъюбони ноҳия Айнӣ” фаъолият мекунад, ки роҳбарии онро Хисрав Юлдоштов ба уҳда дорад. Дар ташкилот 14 нафар корманд бо 50 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд кору фаъолияти доимӣ доранд. Раиси ноҳия ба роҳбари ташкилоти “Дастгирии маъюбони ноҳияи Айнӣ” изҳори сипос намуда, дастур дод фаъолиятро дар ин самт боз ҳам хубтар ба роҳ монанд.
Дар охир, ба кӯдакон туҳфаҳои идона аз ҷониби Раиси ноҳияи Айнӣ ва Фонди хайриявии “Чашмаи умеди Ватан” тақдим гардид.
Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 9