
30-юми майи соли 2025 дар Қасри Фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрории бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ консерти ҳисоботии ҳунаромӯзони навраси Мактаби санъати бачагонаи бахши фарҳанги ноҳия ба номи Ҳалим Ёров баргузор гардид.
Дар даромдгоҳи қаср, корҳои амалии рассомони ҷавони мактаби санъат ба намоиш гузошта шуда буд.
Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Айнӣ Зебо Саидзода иштирок ва суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо ташаббуси бевоситаи фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шудааст, ки ин ҳам аз шахсияти фарҳангиву илмӣ будани давлатдоронамон дарак дода ва арҷ гузоштан ба тамаддундориву фарҳангӣ будани миллати тоҷик, давомдиҳандаи кору пайкори неки гузаштагони хеш буданро дубора исбот намудан аст, чун дар ин давраҳо ба рушду равнақи фарҳангдории тоҷикон ва аз нав эҳё шудани фарҳанги қадимаву урфу одатҳои гузаштагонамон корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.
Хизматҳои бузурги Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмонро таърих бо хатҳои заррин дар саҳифаҳои худ сабт намудааст, ки ҳаргиз сутудаву хира нахоҳад шуд, аз он ҷумла бо азму иродаи ватандӯстию фарҳангпарварии Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бохабарӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷоҳонӣ пешниҳодҳои муҳими саривақтияш ба созмони бонуфузи байналмилалӣ “ЮНЕСКО” аз қабили “Чакан”, “Наврӯз”, мусиқии классикии “Шашмақом”, “Фалак”, “Ҷашни Сада”, “Тазҳиб” (зарҳалкорӣ), Атласу адрас, куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва амсоли инҳо садҳо пешниҳодҳои бузурги дигар қобили тазаккур аст, ки аллакай ба ин васила ҷаҳониён дубора ба ғанигию қадима будани фарҳанги мо шиносоӣ пайдо намуда ва эътироф низ намудаанд.
Толибилмони ин мактаб дар навозиш бо асбобҳои миллӣ рубоб, дутор, най, ғиҷҷак, чанг, дойра, рубоби афғонӣ, фортопианино, гитара, санъати рақс, ва сароидани хор ҳунарнамоӣ намуданд.
Муовини Раиси ноҳия ҳамаи иштирокчиёнро аз номи Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода барои ҷамъбасти хуби сол муборакбод гуфта, ҳисоботи хонандагони Мактаби санъати бачагонаи №1-и ба номи Ҳалим Ёровро хеле хуб арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки устодони мактаби санъат тавонистанд ҳунару истеъдоди волои тоҷикро ба даспарварони худ омӯзонанд.
Дар ҷамъбасти консерти ҳисоботӣ ба устодони Мактаби санъат ихорномаҳо супорида шуд.





и ещё 20