Хабарҳои руз

МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳалл, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар фаъолон мулоқот доир намуд.
Нахуст, Раиси ноҳия таъкид кард, ки дар зарфи 33 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои пешрафту ободии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Айнӣ корҳои назарраси бунёдкориву созандагӣ амалӣ карда шудаанд. Раиси ноҳия таваҷҷуҳи ҳозиринро ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки дар ноҳияи Айнӣ сохтмони зиёда аз 595 иншоот пешбинӣ гардида, то ба имрӯз беш аз 80 фоизаш ба анҷом расонида шудааст, ҷалб намуд.
Рӯзибой Раҳимзода, -Раиси ноҳияи Айнӣ зимни суханронии худ оид ба дастгирии давлатии ноҳия андешаронӣ карда, зикр намуд, ки барои таъмини рушди ноҳияи Айнӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо пайваста маблағҳои зиёде равона карда мешаванд.
Дар ноҳия барои бунёду барқарорсозии иншооти маорифу тандурустӣ ва фарҳангӣ, дастрасии аҳолӣ ба неруи барқ, беҳтар намудани сифати роҳҳо, рушди соҳаи кишоварзӣ ва барқарорсозии инфрасохтори деҳот корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст.
Раиси ноҳия бо арзу сипос ва шукргузорӣ зикр намуд, ки дар натиҷаи дарки арзишҳои миллӣ ва фарҳангу ахлоқи ҳамидаи мардумамон тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар садҳо нафар соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва афроди бонангу номуси ҷомеа сиёсати инсондӯстонаи иҷтимоии давлату Ҳукуматро таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ карда, бисёр иқдомоти савобу созандаро анҷом дода истодаанд. Онҳо то имрӯз бо дастгирии МИҲД-и ноҳияи Айнӣ садҳо иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ дошта бунёд карда, садҳо ҳазор сокинони ноҳияро бо ҷойи корӣ таъмин менамоянд, ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон кумак мерасонанд ва ҳоло боз бисёр корҳои хайру савобро амалӣ карда истодаанд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла зиёд кардани майдони кишти зироатҳо, боғҳо ва саршумори чорво, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ Раиси ноҳия ба шахсони масъули соҳа супориш дод, ки дар самти истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Рӯзибой Раҳимзода ба аҳли ҷомеаи ноҳия муроҷиат намуда, даъват намуд, ки дар шароити пурҳаводису мураккаби ҷаҳони муосир бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба тарбияи фарзандон, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардонидани онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Дар охир Раиси ноҳия бо боварӣ иброз дошт, ки тамоми сокинони ватандӯсти ноҳия донишу таҷриба, малакаи касбӣ ва саъю кӯшиши худро барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар равона карда, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол хоҳанд гирифт.
и ещё 6
Нравится

Комментировать
Поделиться

Leave a Reply

Back to top button