
Дар домани кӯҳҳои пуровозаи водии Зарафшон, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ, деҳаи хурду зебоманзаре бо номи Хайробод ҷойгир аст. Бо вуҷуди он ки таърихи дақиқи бунёди он ҳанӯз дақиқ сабт нашудааст, тахмин меравад, ки ин деҳа дар давраҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, дар натиҷаи сиёсати васеъ намудани заминҳои корам ва ҷойгиркунии аҳолии деҳаҳои атроф, ба вуҷуд омадааст.
Мувофиқи ривоятҳои мардуми маҳаллӣ, пеш аз пайдоиши деҳаи Хайробод ин заминҳо аз ҷониби сокинони деҳаҳои куҳантар — мисли Кум ва Дар-Дар — ҳамчун заминҳои кишт ва чарогоҳ истифода мешуданд. Дар ҳамин ҷо одамон баҳорон кишт мекарданд, тобистон чорво мечаронданд ва тирамоҳ ҳосили заминро ҷамъоварӣ менамуданд.
Бо гузашти солҳо, бахусус дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, симои ин гӯшаи кӯҳистон пурра дигар шуд. Дар доираи сиёсати ободонии мамлакат роҳҳои дохилии деҳа мумфарш гардиданд, хонаҳои наву боҳашамат бунёд ёфтанд, шабакаи барқ, обёрӣ ва алоқаи муосир фароҳам оварда шуд. Имрӯз Хайробод ба як деҳаи хушбоду ҳаво, ором, сабзаву зебо ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир табдил ёфтааст.
Аммо дар паҳлӯи ин зиндагии имрӯзӣ, қадамҷои таърих низ ором хобидааст. Поёнтар аз деҳа, дар самти Қалъачаи Муғ, харобазори як мавзеи бостонӣ ҷой дорад, ки ҳанӯз аз ҷониби бостоншиносони тоҷик пурра омӯхта нашудааст. Мувофиқи гуфтаҳои пирони деҳа, ин макон дар замонҳои суғдиён ҳамчун дидбонгоҳ истифода мешуд ва эҳтимол ба системаи муҳофизатии Қалъачаи Муғ иртибот доштааст.
Тавре ки таърихнигори машҳур ат-Табарӣ навиштааст: «Ҳисоре, ки Деваштич ва ҳамроҳони ӯ дар он пинҳон шуда буданд, аз се тараф бо дарёи Суғд иҳота шуда буд».
Дар ҳақиқат, мустаҳкамаи Кушки Абаргар ё худ Қалъаи Муғ (дар деҳаиКум), ки қисман бо ин мавзеъ иртибот дорад, аз ду тараф бо дарёи Зарафшон ва аз ҷониби сеюм бо рӯди Кум печонида шудааст. Аз самти чаҳорум бошад, онро кӯҳи Муғ муҳофизат мекард. Суғдиён дар паси ин деворҳо ва сангпораҳо камин гирифта, бо далерӣ муқовимат нишон медоданд.
Дар ҳамин мавзеъ, дар миёни ин кӯҳҳои ором, замоне садои дафу сурудҳои суғдиён ба осмон мерасид. Шоири бузурги тоҷик Лоиқ Шералӣ дар шеъри “Дидори Офтоб” рӯҳи он замонро ба таври зинда тасвир мекунад:
Суғдиён бар пешвози Офтоб
Ҳар саҳар даф мезаданд…
То бидонад Офтоб
Дар дили онҳо шарори оташ аст…
Имрӯз аз он хандаву завқ, аз он нағмаҳои тулӯи офтоб танҳо хомӯшии фоҷиаборе мондааст. Харобазорҳои куҳан аз байн рафта, бо онҳо як порчаи таърихи миллат низ аз даст рафтааст.
Он замин — қадамҷои суғдиёни оташпараст ва ҳунарманд — имрӯз зери хоку хас мондааст.
“Он қадамгоҳи бузургон
Шуд адамгоҳи бузургон…”
Аммо то вақте ки дар қалби мо эҳтиром ба гузашта, ба таърих ва ба замини аҷдодӣ боқист, рӯҳи суғдиён ҳамеша зинда мемонад. Зеро аз ҳамин хок, аз ҳамин теппаҳо ва аз ҳамин рӯдхонаҳо таърихи миллати тоҷик сарчашма мегирад.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор





и ещё 12
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
Фарход Мусоев, Homi Siparzod и ещё 16