Хабарҳои руз

Паёми раҳнамо

Бо мақсади расонидани нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ, бо иштироки сокинони Ҷамоати деҳоти Урметан дар Қасри фарҳанги ҷамоат ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини раиси ноҳияи Айнӣ Фарҳод Мукаррамзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадафу аҳамияти баргузории чунин вохӯриҳоро шарҳ дод. Сипас, сухан ба сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Айнӣ Алиҷон Рауфзода дода шуд.
Алиҷон Рауфзода зимни баромади худ аз нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, махсусан ба масъалаҳои рушди зеҳни сунъӣ, рақамикунонӣ ва инноватсия таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ ҷавононро ба азхудкунӣ ва дар амал татбиқ намудани илмҳои муосир, таваҷҷуҳ ба фанҳои дақиқ, такмили дониш ва касбомӯзӣ дар самти саноат даъват намуд. Таъкид гардид, ки ноҳияи Айнӣ ҳамчун минтақаи дорои захираҳои бойи табиӣ ва канданиҳои фоиданок дорои имкониятҳои бузурги рушди иқтисодӣ мебошад ва омӯхтану истихроҷи оқилонаи ин захираҳо метавонад мавқеи Тоҷикистонро дар бозорҳои ҷаҳонӣ мустаҳкам намояд.
Ҳамзамон, дар баромад масъалаҳои худшиносии миллӣ, омӯхтани таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, эҳёи анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи дурусти ҷавонон, пешгирӣ аз хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва зиёдаравӣ, риояи қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Баромадкунанда сокинонро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияту суботи ҷомеа даъват намуд.
Зикр гардид, ки вазифаи асосии милитсия хизмат ба мардум буда, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шабонарӯзӣ барои ҳифзи оромиву осоиштагии шаҳрвандон фаъолият менамоянд.
Дар идомаи ҳамоиш муовини раиси ноҳияи Айнӣ баромад намуда, ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат вобаста ба нашр ва тақсими ройгони китобҳои арзишманд, аз ҷумла «Қуръони Карим», «Тоҷикон», «Шоҳнома» ва дигар осори муҳими таърихиву фарҳангӣ ишора кард. Таъкид шуд, ки ин иқдоми наҷибона аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири баланд бардоштани маърифати ҷомеа, шинохти таърихи пурғановати миллат, донистани моҳияти дини ислом ва таҳкими худогоҳии миллӣ роҳандозӣ гардидааст.
Сипас, раиси Ҷамоати деҳоти Урметан Зармаст Ҳалимов суханронӣ намуда, дар бораи корҳои ободонию созандагӣ, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди деҳот ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли вусъати корҳои ободонӣ андешаронӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки дар ҷамоат айни ҳол як қатор корҳои назарраси ободонӣ амалӣ шуда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардидаанд.
Дар фарҷом байни сокинон ва ҳайати таблиғотӣ суҳбати озод баргузор шуда, ба суолу дархостҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуданд. Пирони деҳот ва фаъолон аз сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу субот, рушди кишвар ва ободонии деҳот изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 19

Leave a Reply

Back to top button