
Тадбирҳои муҳим ҷиҳати зимистонгузаронии бехатари ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон
Бо фаро расидани фасли сармо ва зиёд гардидани хавфи талафёбии ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон дар минтақаҳои кӯҳӣ, кормандони зерсохторҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола чорабиниҳои биотехникиро ба роҳ мемонанд. Ҳадафи асосии ин тадбирҳо аз талафу мушкилот эмин нигоҳ доштани олами ҳайвоноти ваҳшӣ, нигоҳдории мувозинати экосистема ва ҳифзи гуногунии биологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда мебошад.
Имсол низ бо назардошти сербарф ва нисбатан сард будани зимистон, корҳои биотехникӣ аз рӯзҳои аввали сармо дар доманакӯҳҳо ва минтақаҳои душворгузари ноҳияи Айнӣ оғоз гардид. Ин чорабиниҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ бо иштироки кормандони соҳа дар маконҳои асосии сукунати ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон амалӣ карда мешаванд.
Дар ҷараёни корҳои биотехникӣ барои ҳайвонот ва парандагон миқдори зарурии хӯроки чорво, аз қабили хошок, беда, ҷав, гандум, рези гандум, шолӣ ва дигар намуди ғизо дар ҷойҳои муайян гузошта мешавад. Ҳамзамон, гузоштани намак дар минтақаҳои кӯҳӣ низ ба роҳ монда шуда, ин амал барои таъмини ниёзҳои физиологии ҳайвонот аҳамияти калон дорад.
Сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ Руслан Расулов зимни суҳбат иброз дошт, ки бо мақсади пешгирӣ аз талафёбии парандагон ва ҳайвоноти ваҳшӣ дар фасли зимистон мо пайваста корҳои биотехникӣ мегузаронем. Дар доманакӯҳҳо ва мавзеъҳои сукунати ҳайвонот беда, ҷав, гандум ва дигар намуди хӯрокҳое, ки онҳо истифода мебаранд, гузошта мешаванд. Зимистони имсола сербарф буда, эҳтимол нисбат ба солҳои гузашта сардтар бошад, аз ин рӯ андешидани чунин тадбирҳо бисёр муҳим аст.
Ба иттилои масъулини соҳа, то имрӯз дар як қатор мавзеъҳои мушкилгузар ва минтақаҳои зисти ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон корҳои биотехникӣ бомуваффақият идома дошта, захираи кофии хӯрокӣ омода ва дастрас гардидааст. Аз ҷумла, дар минтақаи Ориёи мавзеи Ҳасанаи байни деҳаҳои Реваду Вота, минтақаи ҷангали Урметани мавзеи Тагоби Лангар кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ чунин тадбирҳоро амалӣ намуданд.
Корҳои биотехникӣ маҷмӯи тадбирҳое мебошанд, ки ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ, растаниҳо ва муҳити табиӣ равона шудаанд. Таъмини ҳайвонот бо озуқаворӣ дар фасли зимистон, нигоҳубини ҷонварони маҷруҳ ё бемор ва баргардонидани онҳо ба муҳити табиӣ, инчунин нигоҳ доштани мувозинати экосистема аз ҷумлаи самтҳои асосии ин фаъолият маҳсуб меёбанд.
Масъулини соҳа таъкид мекунанд, ки гузаронидани корҳои биотехникӣ имрӯз беш аз ҳарвақта муҳим аст, зеро дар шароити сардиҳои шадид ва барфбориҳои зиёд ҳайвонот ба ғизо ниёзи бештар доранд. Танҳо бо чунин тадбирҳои саривақтӣ метавон аз нестшавии парандагон ва ҳайвоноти кӯҳӣ пешгирӣ намуда, табиати нотакрори кишварро барои наслҳои оянда ҳифз кард.
Қобили зикр аст, ки аз оғози мавсими сарди имсола кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ аллакай бори сеюм аст, ки дар доманакӯҳҳои ноҳия корҳои биотехникиро амалӣ менамоянд. Ин аз масъулиятшиносӣ ва таваҷҷуҳи ҷиддии мақомоти дахлдор ба ҳифзи олами ваҳшӣ ва муҳити зист шаҳодат медиҳад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 26










