
Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маҷлиси васеи назди Раиси ноҳия баргузор гардид. Дар кори маҷлис роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони соҳаҳои фарҳанг ва тандурустӣ, имомони масҷидҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода маҷлисро оғоз намуда, доир ба натиҷаҳои маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23 январи соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, суханронӣ намуд.
Ҳадафи асосии баргузории маҷлис расонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини сохторҳои дахлдори ноҳия ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2026 арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои рақамикунонии коргузорӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, тақвияти пардохтҳои электронӣ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ба танзим даровардани таъминоти нафақахӯрон, бартараф намудани камбудиҳо дар рӯйхати нафақагирандагон ва таъмини шаффофияти маблағгузории ҳифзи иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси ноҳия ҳамчунин ба масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки воҳидҳои корӣ бояд ба тартиб дароварда шуда, шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.
Дар самти андоз ва пардохтҳои вобаста ба он, Равшан Раҳимзода аз масъулин талаб намуд, ки ҷамъоварии андозҳо беҳтар ба роҳ монда шуда, қарздории андоз пурра бартараф карда шавад. Таъкид гардид, ки то соли 2026 рақамикунонии пурраи пардохти андоз амалӣ гардида, ҷамъоварии қарзҳои мавҷуда, аз ҷумла қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ, бояд таъмин карда шавад.
Дар масъалаи бекор гардидани қарорҳои замин бо эътирози мақомоти прокуратура, раиси ноҳия изҳори нигаронӣ намуда, супориш дод, ки ҳуҷҷатгузорӣ дар ин самт мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ ва бо риояи тартиби муқарраргардида ба роҳ монда шавад.
Раиси ноҳия ҳамчунин ба масъалаи пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид кард, ки корҳои профилактикӣ, хусусан аз ҷониби бахши идеологӣ, бояд тақвият дода шаванд. Пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва қонунвайронкунӣ дар байни ноболиғон аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардид.
Дар ҷаласа масъалаи рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва васеъ намудани қарздиҳӣ ба соҳибкорон баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки ин раванд ба рушди иқтисодиёти ноҳия мусоидат менамояд.
Дар самти саноат, раиси ноҳия ба мутасаддиён супориш дод, ки дар соли 2026 панҷ корхонаи нави саноатӣ таъсис ва ба истифода дода шаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор гардиданд, ки ин ташаббусҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.
Ҳолати нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти худ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар масъалаи ҳифзи муҳити зист, тозагӣ, ҳифзи дарахтон ва сабзазоркунӣ, инчунин таъмини барқ, коҳиш додани талафоти он ва ҷамъоварии саривақтии маблағи истифодаи неруи барқ супоришҳои қатъӣ дода шуданд.
Дар соҳаи кишоварзӣ раиси ноҳия ба масъалаи истифодаи самараноки замин, таъмини захираи дусолаи озуқаворӣ, азхудкунии заминҳои нав, рушди боғдорӣ, кишти картошка ва маҳсулоти полезӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки дар соли 2026 бояд 50 гектар замини нав азхуд карда шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид гардад.
Рушди хоҷагиҳои қутоспарварӣ ва зотпарварӣ низ аз масъалаҳои муҳими ҷаласа арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки ноҳияи Айнӣ барои рушди қутоспарварӣ шароити мусоид дошта, бояд шумораи саршумор зиёд карда шавад.
Дар масъалаи корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ барои соли 2026, инчунин таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, иброз гардид, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии садамавӣ таъмиру таҷдид гардида, ба истифода дода шаванд.
Раиси ноҳия ҳамчунин ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати баргузории олимпиадаҳо ва тақвияти омӯзиши забонҳоро таъкид кард.
Дар соҳаи тандурустӣ масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳо, ғизои солим, рақамикунонии ҳисобот ва баланд бардоштани сатҳи солимии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин масъалаҳои ёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирии вобастагии кӯдакон ва наврасон ба бозиҳои компютериву телефонӣ баррасӣ шуданд.
Дар фарҷом Раиси ноҳияи Айнӣ ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати ҳамаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда, вазифаҳои асосиро барои соли 2026 муайян намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ










