
Субҳи имрӯз Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз ҷараёни корҳои таъмиру таҷдиди Беморхонаи марказии ноҳиявӣ, ки дар маркази ноҳияи Айнӣ воқеъ аст, дидан намуд.
Зикр гардид, ки бинои беморхонаи мазкур аз соли 1989 инҷониб таъмир нагардида, ба таъмири куллӣ ниёз дошт. Бо дастгирӣ ва ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ айни замон беморхона пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда истодааст. Бинои беморхона аз се ошёна иборат буда, баъди анҷоми корҳои таъмиру таҷдид ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардидан, ба яке аз беҳтарин муассисаҳои тандурустии ноҳия мубаддал хоҳад гашт.
Айни ҳол корҳои кандану омодасозӣ барои таъмири нав идома дошта, корҳои сохтмонию таъмириро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анас-Муосир» ба уҳда гирифтааст. Раиси ноҳия зимни боздид ба роҳбарияти ширкати пудратчӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки беморхона бояд бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва стандартҳои сохтмонӣ таъмир карда шавад. Аз ҷумла, ба намои зоҳирии бино, иваз ва навсозии системаи обтаъминкунӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ, ба тартиб даровардани дохили бино, инчунин бунёди ҷойҳои нишаст барои беморон, мизоҷон ва дигар ташрифоварандагон диққати ҷиддӣ дода шавад.
Раиси ноҳия ҳамзамон супориш дод, ки дар раванди сохтмон аз масолеҳи босифат ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ истифода бурда шуда, корҳои таъмиру таҷдид дар муҳлати муқарраргардида, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонда шаванд.
Дар ҷараёни боздид таъкид гардид, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз арзишҳои муҳими давлатдорӣ буда, беҳтар намудани шароити муассисаҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ вазифаи аввалиндараҷа мебошад.
Раиси ноҳияи Айнӣ ҳамчунин бо духтурон ва дигар кормандони беморхона суҳбат намуда, ба онҳо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар самти хизмати софдилона ба мардум, баланд бардоштани масъулият ва муносибати ғамхорона нисбат ба беморон расонид. Дар идома аз аҳволи беморон хабардор шуда, ба онҳо сиҳатмандӣ ва саломатии бардавом орзу намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди табобат барои аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 30










