Хабарҳои руз

Хушекат дар масири ободонӣ

Бахшида ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар саросари кишвар корҳои ободонию созандагӣ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ вусъати тоза касб намудаанд. Дар ноҳияи Айнӣ низ сокинон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҳисси баланди масъулият ва худшиносии миллӣ баҳри ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ талошу заҳмат мекашанд.
Деҳаи Хушекати ноҳия намунаи равшани ин ташаббусҳои мардумӣ ба шумор рафта, сокинони он дар ҳамбастагӣ бо МИҲД-и ноҳияи Айнӣ барои бунёди як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангиву варзишӣ камари ҳиммат бастаанд. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди майдончаҳои варзишӣ дар деҳаи Хушекат ва маҳаллаи Дашти Хушекат оғоз гардида, ҳамзамон сохтмони гараҷ барои автомобилҳо, ки дар болои он бунёди хонаи фарҳанг, китобхона ва идораи хоҷагии деҳқонии «Хушекат» пешбинӣ шудааст, идома дорад.
Илова бар ин, бо ташаббуси шахси саховатпешаи деҳа Қурбоналӣ Пиров сохтмони як бинои дуошёнаи муосир — тарабхона ва толор барои баргузории маъракаҳои иҷтимоӣ бо ғунҷоиши то 150 нафар меҳмон ба роҳ монда шудааст, ки оянда ба беҳтар гардидани шароити иҷтимоиву фарҳангии сокинон мусоидат хоҳад кард.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз ҷараёни оғози корҳои сохтмонӣ ва интихоби ҷой барои бунёди майдончаи варзишӣ ва толори варзишӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 бо сокинон, фаъолон ва ҷавонон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ватандӯстӣ аз обод кардани як деҳа, як кӯча ва як муассиса оғоз меёбад. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Истиқлоли давлатӣ неъмати бебаҳо буда, ҳифзу таҳкими он аз ҳар як шаҳрванди огоҳ меҳнати софдилона ва масъулияти баланди шаҳрвандиро талаб мекунад». Дар ин замина, ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан яке аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид.
Раиси ноҳия ба масъалаи рушди варзиш таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, зикр кард, ки бунёди майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ заминаи мусоид барои ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим буда, онҳоро аз ҳар гуна омилҳои номатлуб дур месозад. Варзиш на танҳо саломатиро таҳким мебахшад, балки ирода, масъулиятшиносӣ ва ҳисси ифтихори миллиро дар зеҳни ҷавонон ташаккул медиҳад.
Ҳамчунин, нақши муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили хонаи фарҳанг ва китобхона, дар баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, тарбияи дурусти насли наврас ва таҳкими зеҳни миллӣ муҳим арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки фарҳанг ва маърифат пояи устувори ҷомеаи солим ва пешрафта мебошанд.
Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 соли вусъати корҳои ободонӣ ва худшиносии миллӣ эълон гардида, ин иқдом масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯстро боз ҳам бештар мегардонад. Раиси ноҳияи Айнӣ ба сокинони деҳаи Хушекат барои чунин ташаббусҳои созанда ва саҳми арзандаашон дар ободонии диёр изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро ба идомаи корҳои нек ва намуна будан барои дигар маҳалҳо даъват кард.
Бидуни шак, чунин иқдомҳои мардумӣ бо ҳамбастагӣ ва дастгирии давлату Ҳукумат ба ободии ҳарчи бештари деҳот, баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими руҳияи ватандӯстӣ мусоидат намуда, деҳаи Хушекатро ба як гӯшаи боз ҳам зебову шукуфони ноҳияи Айнӣ табдил хоҳанд дод.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 22

Leave a Reply

Back to top button