
28 январи соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ, назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷашни бостонии Сада бо иштироки васеи сокинон, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, меҳмонон ва аҳли фарҳанг бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.
Дар оғоз Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ҳамроҳ бо меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, сабзавоту мева, маҳсулоти боғдорӣ, инчунин намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ — гулдӯзӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ, заргарӣ ва дигар навъҳои ҳунари дастӣ пешниҳод гардид.
Зимни боздид Раиси ноҳия ба заҳмати аҳли меҳнат баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар арзёбӣ намуд. Ба роҳбарони муассисаҳои бонкие, ки дар ноҳия фаъолият менамоянд, супориш дода шуд, то барои ҳунармандон ва соҳибкорони хурд қарзҳои истеҳсолӣ бо фоизи дастрас пешниҳод намуда, барои рушду густариши ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарӣ мусоидат намоянд.
Дар идомаи тантанаҳо сокинони ноҳия маҳсули дастранҷи худро бо ифтихор ба намоиш гузошта, иштироки фаъолонаи мардум шаҳодати арҷгузории ҷомеа ба суннату анъанаҳои миллӣ ва гиромидошти ҷашнҳои бостонии тоҷикон арзёбӣ гардид.
Сипас Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ҳозиринро ба муносибати Ҷашни Сада табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки ҷашнҳои миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, имрӯз бо шукӯҳу ҷилои хос таҷлил мегарданд. Ӯ зикр намуд, ки Сада рамзи нур, гармӣ, меҳру муҳаббат ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буда, мужда аз фарорасии баҳор ва Наврӯзи оламафрӯз медиҳад.
Зикр гардид, ки халқи тоҷик бо таъриху фарҳанги куҳани худ ҳамеша ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои аҷдодӣ арҷ мегузорад. Ҷашни Сада мисли Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ҷашнҳои бузурги ориёӣ ба шумор рафта, аз рӯзгор, маънавиёт ва фалсафаи зиндагии мардуми деҳқон дарак медиҳад. Таҷлили он ба анҷоми чиллаи калон рост омада, оғози корҳои кишоварзӣ, бахусус боғпарвариро ифода менамояд.
Раиси ноҳия ҳамчунин аз таърихи Ҷашни Сада ёдовар шуда, зикр намуд, ки тибқи гуфтаи Абӯрайҳони Берунӣ, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки то фарорасии Наврӯз 50 шабу 50 рӯз боқӣ мемонад. Дар гоҳшумории бостонӣ он ҳамасола рӯзи 10-уми моҳи баҳман таҷлил мегардид ва имрӯз мутобиқ ба он ҳар сол 30 январ дар саросари кишвар таҷлил мешавад.
Таъкид шуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Сада ҳамчун ҷашни миллии тоҷикон дар ҷаласаи 18-уми Кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Касани Ҷумҳурии Ботсвана ба рӯйхати мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид гардидааст, ки нишони эътирофи байналмилалии фарҳанги куҳани миллати тоҷик мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ барои саҳми арзанда дар ташкили сатҳи баланди намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, Раёсати кишоварзӣ, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва якчанд соҳибкорон Сипосномаҳои Раиси ноҳияи Айнӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин барномаи рангини консертии ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия фазои идонаро боз ҳам ҷолибу хотирмон гардонида, ба иштирокчиён болидахотирӣ бахшид.
Ҷашни Сада таҷассумгари ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстӣ, меҳнат, созандагӣ ва ободии Ватан даъват менамояд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 76










