
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, айни замон дар саросари ҷумҳурӣ нишастҳои матбуотии раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони мансабдор бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор шуда истодаанд.
Дар ин замина, 30 январи соли 2026 дар ноҳияи Айнӣ нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Айнӣ баргузор гардид. Дар кори нишаст намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, намояндагони ВАО-и маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуданд.
Дар оғози нишаст Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли 2025 ҳисоботи мухтасар пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки рушди иқтисодӣ, беҳбуди соҳаҳои иҷтимоӣ, бунёдкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбанд.
Сипас, рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои муҳим ва мубрами ноҳия саволҳои худро пешниҳод намуданд. Раиси ноҳия ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои мушаххас ва асоснок ироа кард.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки лоиҳаи хати оби нӯшокии маркази ноҳия бо маблағгузории дахлдор соли ҷорӣ амалӣ мегардад. Ҳамчунин масъалаи тақвияти радиошунавонӣ дар ҳудуди ноҳия ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошта, иҷрои онҳо барзиёд таъмин мегардад. Дар соли 2026 бунёди 5 корхонаи нави саноатӣ дар назар аст.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки корхонаҳои саноатии ноҳия ба мутахассисони маҳаллӣ эҳтиёҷи ҷиддӣ доранд. Айни ҳол маош дар корхонаҳои ноҳияи Айнӣ аз баландтарин нишондиҳандаҳо дар сатҳи вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Дар натиҷа, солҳои охир шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ коҳиш ёфта, танҳо дар соли 2025 теъдоди онҳо 1700 нафар кам гардидааст, ки аксари онҳо ба фаъолияти корхонаҳои дохилӣ ҷалб шудаанд.
Дар соҳаи маориф низ дастовардҳо назаррас мебошанд. Танҳо дар соли 2025 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ таъсис дода шудааст. Барои соли 2026 таъмири 8 мактаби садамавӣ ба нақша гирифта шуда, ҳамзамон сохтмони 4 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ дар назар аст. Ин тадбирҳо аз ҷониби МИҲД-и ноҳия то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне то 9 сентябри соли 2026, пурра амалӣ хоҳанд шуд.
Дар самти фарҳанг ва ҳунармандӣ низ корҳои назаррас ба роҳ монда мешаванд. Таъмиру азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ марҳила ба марҳила амалӣ гардида, ташкили сехҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла сехҳои қаннодӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокаву рӯзғорӣ дар назар аст.
Дар соҳаи кишоварзӣ, дар деҳаи Похут соли 2025 дар майдони 150 гектар боғи нав бунёд гардида, дар соли 2026 боз 50 гектари дигар илова карда мешавад.
Раиси ноҳия ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ марказҳои хизматрасонӣ барои сайёҳон дар мавзеъҳои сайёҳии ноҳия, аз ҷумла Искандаркӯл, дараи Аловиддин ва дигар минтақаҳои ҷолиб аз маркази ноҳия то деҳоти дурдаст ба роҳ монда мешаванд.
Дар соҳаи варзиш ва сохтмон, дар соли 2025 12 майдонча ва толорҳои варзишӣ, 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта шудаанд, ки 3 адади онҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии соҳаи маориф, ҳамасола аз ҷониби Раиси ноҳия барои муассисаи беҳтарин 50 ҳазор сомонӣ ва барои даҳгонаи беҳтарин 5 ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ гардидааст. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ аз ҷониби роҳбарияти ноҳия иловатан қадрдонӣ мегарданд.
Дар фарҷом, Раиси ноҳияи Айнӣ ва намояндагони сохторҳои дахлдор ба ҳамаи саволҳои хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуда, омодагии худро барои ҳамкории доимӣ бо воситаҳои ахбори омма иброз доштанд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ










