Хабарҳои руз

Маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Хомаи созанда-2025”

3 феврали соли 2026 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Хомаи созанда-2025” баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба беш аз 40 нафар ғолибони озмун мукофотпулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро супорид.
Озмун бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дастгирии журналистон ва сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона, асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб миёни журналистон барои беҳтарин маводи журналистӣ озмун эълон гардида буд.
Он тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 22 апрели соли 2025, № 112 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда-2025» гузаронда шуда, аз рӯи номинатсияҳои “Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷараёни бунёдкориҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ”, “Масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи саноат”, “Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ”, “Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ (тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо)”, “Беҳтарин нашрияи маҳаллӣ”, “Беҳтарин сомонаи расмӣ”, “Беҳтарин наворбардор”, “Беҳтарин суратгир” ғолибон муайян карда шуданд.
Ба 42 нафар ғолибони озмун дар бахшҳои гуногун мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 1000 сомонӣ то 6 000 сомонӣ супорида шуд.
и ещё 25
Все реакции:

Далерчон Бозорзода, Шамшод Сохибов и ещё 146

Leave a Reply

Back to top button