Хабарҳои руз

Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода

3 феврали соли 2026 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.
Раиси вилоят дар оғози нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамкориро бо воситаҳои ахбори омма дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қонунгузории кишвар роҳандозӣ намуда, бобати таҳкими робитаи давлат ва ҷомеа ва ташаккули афкори солими ҷамъиятӣ пайваста корбарӣ менамояд. Зеро рўзноманигорон бо дарки масъулияти касбӣ дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои кишвари азизамон, инъикос ва ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Сипас роҳбари вилоят доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2025 маълумот дод. Чуноне таъкид гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳо, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Дар раванди таъмини самтҳои афзалиятноки рушд, ки аз ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” сарчашма мегиранд, чораҳои таъхирнопазир андешида шуда, ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ҳамаи захираву имкониятҳо сафарбар карда шуданд.
Дар натиҷа нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди минтақа (маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ) дар соли 2025 ба 49 миллиарду 107,3 миллион сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,3 фоиз баробар гардида, ҳиссаи он дар нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ба 27,8 фоиз расонида шуд.
Дар соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 39 миллиарду 146,4 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли қаблӣ суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 123,5 фоиз таъмин гардид.
Дар ин давра теъдоди корхонаю коргоҳҳои саноатии вилоят ба 1316 адад баробар гашта, истеҳсоли маҳсулот дар корхонаю коргоҳҳои саноатии вилоят ба 265 номгўй расид.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар миқёси вилоят 146 корхонаву коргоҳи нав бо 1497 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуд.
Соли 2025 кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи зиёда аз 25,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш 111 фоиз таъмин гардид. Аз ҷумла, соли 2025 пахтакорони вилоят 118 ҳазору 658,4 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намуданд, ки ин нисбат ба соли қаблӣ 1,4 баробар зиёд мебошад.
Дар вилоят истеҳсоли сабзавот 722,7 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз 215,2 ҳазор тонна, картошка 743,6 ҳазор тонна, полезиҳо 173,4 ҳазор тонна, мевагиҳо 278,6 ҳазор тонна, аз ҷумла зардолу 187,2 ҳазор тонна ва себ 58, ҳазор тонна, ангур 63,7 ҳазор тонна ва зироатҳои хўроки чорво 579,1 ҳазор воҳиди хўрока баробар гардида, нисбат ба соли 2024-ум суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 105,2 фоиз, аз ҷумла пиёз 104,4 фоиз, картошка 112,9 фоиз, мевагиҳо 109,7 фоиз, аз ҷумла зардолу 107,1 фоиз ва себ 112,3 фоиз, ангур 101,6 фоиз ва зироатҳои хўроки чорво 106,1 фоизро ташкил намудааст.
Истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 105,6 ҳазор тонна, аз ҷумла гўшти паранда 24 ҳазор тонна, моҳӣ 1142,4 тонна, шир 333,3 ҳазор тонна, тухм 927,9 млн. дона, асал 1068,3 тонна, пилла 65,7 тонна ва пашм 1747,8 тоннаро ташкил намуда, суръати афзоиши гўшти чорвою паранда 113,8 фоиз, аз ҷумла гўшти паранда 125,6 фоиз, моҳӣ 112,7 фоиз, шир 107,1 фоиз, тухм 120,7 фоиз ва пашм 102,9 фоиз таъмин шудааст.
Дар соли 2025 бо мақсади таъмини аҳолии камбиозати вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ 52 маротиба дар шаҳрҳои саноатии вилоят ярмарка фурўши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани вазъи обрасонӣ, ва таъмини фаъолияти мунтазам дар соли 2025 аз ҳисоби буҷети вилоят 2,9 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 1,5 миллион сомонӣ, Мастчоҳ 700,0 ҳазор сомонӣ ва Ашт 700,0 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шуд.
Дар соли 2025 баҳри сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи наздик 1,7 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба маблағи 4 миллиарду 229,5 миллион сомонӣ равона шуда, суръати афзоиш 137,7 фоиз таъмин гардид.
Дар вилоят барои истиқболи сазовори ҷашни фархундаи миллат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд, таъмиру азнавсозии 12 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда буд. То имрўз 12 ҳазору 729 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, иҷрои нақша пеш аз мўҳлат ва барзиёд таъмин гардид.
Дар соли сипаришуда соҳаи нақлиёти вилоят мунтазам фаъолият намуда, тавассути маҷмўи нақлиёт 48,4 миллион тонна борҳои гуногун ва 310,6 миллион нафар мусофирон кашонида шудаанд, ки мутаносибан 116,8 ва 106,4 фоизро ташкил намудааст.
Дар соли 2025 аз ҷониби роҳсозони вилоят 2951 километр роҳҳо аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 865 километр таъмири асосӣ ва мумфарш, дар 1254 километр таъмири ҷорӣ ва 832 километр шағалпўш карда шуд.
Аз ҳисоби буҷети вилоят ба ин самт 50,1 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, 34,5 километр роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар соли 2025 ба 20,8 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш нисбат ба соли қаблӣ 103,7 фоиз ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 5,8 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли 2024-ум 108,8 фоизро ташкил намуд.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2025 бори аввал ба маблағи 4,5 миллиард доллар баробар шуда, нисбат ба соли 2024-ум ба андозаи 37,5 фоиз зиёд гардид. Ҳаҷми воридот 2 миллиарду 839 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ ба маблағи 568,4 миллион доллар ё худ 25 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот аз вилоят дар соли сипаришуда бори аввал ба маблағи 1 милларду 705,3 миллион доллар расонида шуда, суръати афзоиш 164,8 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 670,4 миллион доллар зиёд мебошад.
Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи умумии зиёда аз 840 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст. Дар ин марҳила воридоти сармояи мустақим ба маблағи 187,3 миллион доллар ва ҳар гуна сармоягузориҳо ба маблағи 421,2 миллион доллар ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят равона гардидааст.
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли гузашта 106,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 6 миллиарду 177,3 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 374,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли 2025 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1 миллиарду 474,7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои нақша 1 милларду 592,8 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 108 фоизи нақша мебошад.
Иҷрои нақшаи воридоти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бошад ба андозаи 111,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 882,9 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи солона 94,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли 2025 талаботи нафақа ва кўмакпулиҳо ба маблағи 1 миллиарду 498,9 миллион сомонӣ муайян гардида, пурра ва саривақт пардохт карда шудааст.
Таваҷҷуҳ ба соҳаҳои иҷтимоӣ бештар гардида, ба соҳаҳои маориф 2 миллиарду 333,2 миллион сомонӣ, тандурустӣ 1 миллиарду 104 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 28,3 миллион сомонӣ, фарҳангу варзиш 239,4 миллион сомонӣ, дар маҷмўъ, 3 миллиарду 704,9 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 86,3 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.
Дар соли 2025 дар вилоят 85 иншооти соҳаи маориф бо 20843 ҷойи нишаст дар ду баст, аз ҷумла дар назди 58 муасссисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 301 синфхона бо 16985 ҷойи нишаст дар ду баст, 6 толори варзишӣ, 8 майдончаи варзишӣ ва 27 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 3855 ҷой бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ин давра сохтмон ва таъмиру азнавсозии 101 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бунёди 15 иншоот ва таъмиру азнавсозии 86 иншоот ба нақша гирифта шуда, пурра иҷро гардид.
Бо мақсади беҳтар намудани таъминнокии муассисаҳои тиббӣ бо лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1397 таҷҳизот ба маблағи умумии 41,9 млн. сомонӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои тиббии вилоят дастрас гардиданд.
Дар доираи татбиқи “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” ҷиҳати таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ дар вилоят корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Дар вилоят 42 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар соҳа фаъолият мебаранд. Дар вилоят 210 хатсайри сайёҳӣ бо фарогирии тамоми мавзеъҳои сайёҳӣ ташкил карда шуда 97 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият мебаранд. Соли сипаришуда ба вилоят зиёда аз 1,3 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд.
-Мардуми сарбаланду меҳнатқарини вилоят бо ҳисси баланди ватандорӣ, муҳаббати самимӣ ва садоқату боварии қавӣ сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба пуштибонӣ менамоянд. Сокинон бо меҳнати софдилона, азму иродаи устувор ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар таҳкими соҳаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузоранд, — илова намуд Раиси вилоят.
Қайд карда шуд, ки бо талошҳои пайвастаи мардуми заҳматписанд диёри азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол рўз ба рўз ободу сарсабз гардида, дастовардҳои назаррас дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа ба назар мерасанд. Дар ин раванд аҳамияти махсус ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи миллат – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд.
Сипас, роҳбари вилоят ба саволҳои кормандони воситаҳои ахбори омма посух дод.
и ещё 51
Все реакции:

Arafat Fathullozoda, Далерчон Бозорзода и ещё 163

Leave a Reply

Back to top button