
3 феврали соли 2026 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда–2025» баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинии тантанавӣ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба ғолибони озмун мукофотпулӣ ва дипломҳо супорид.
Боиси ифтихор аст, ки сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар озмуни мазкур аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин сомонаи расмӣ» ғолиб дониста шуда, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода бо Дипломи дараҷаи III ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд.
Ин дастовард натиҷаи фаъолияти самаранок ҷиҳати инъикоси саривақтӣ ва воқеии фаъолияти мақомоти давлатӣ, раванди созандагию бунёдкорӣ, инчунин рӯйдодҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Айнӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки озмуни вилоятии «Хомаи созанда–2025» бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади дастгирии журналистон ва таҳкими фазои иттилоотӣ баргузор гардида, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.











