Хабарҳои руз

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳнамо ба зиндагии шоиста

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо сокинони деҳаҳои Айнӣ ва Хушекати Ҷамоати деҳоти Айнӣ, инчунин бо аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонии «Хушекат» ва «Сомониён» вохӯрии судманд баргузор намуд.
Зимни вохӯрӣ Раиси ноҳия таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои калидии Паёми Сарвари давлат ҷалб намуда, иброз дошт, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро муайян мекунад. Таъкид гардид, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, инчунин иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванди худогоҳ ба ҳисоб мераванд.
Равшан Раҳимзода ҳамчунин ба масъалаи тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Ӯ зарурати пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб, аз ҷумла ҷинояткорӣ, ифротгароӣ ва рафторҳои ғайриахлоқиро таъкид намуда, ҷалби онҳоро ба илму дониш, ҳунаромӯзӣ, илмҳои муосир, аз худ кардани технологияҳои нав ва истифодаи дурусти онҳо дар шароити ҷаҳони муосир бисёр муҳим арзёбӣ кард.
Дар идомаи суханронӣ Раиси ноҳия ба масъалаи корҳои ободонию созандагӣ дахл карда, зикр намуд, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 ҳамчун соли вусъати корҳои ободонӣ ва хештаншиносӣ эълон гардидааст. Дар ин замина, аз сокинони деҳаҳои мазкур даъват ба амал оварда шуд, ки дар ободонӣ ва рушди Ватан дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ фаъолона саҳмгузор бошанд.
Раиси ноҳия иброз дошт: «Мо як ҷамъияти бузурги муттаҳид ҳастем ва ободу зебо гардонидани Ватан, фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста пеш аз ҳама ба манфиати худи мо ва насли оянда – фарзандонамон мебошад». Таъкид гардид, ки соли 2026 мардуми Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн мегиранд ва сокинони ноҳияи Айнӣ бояд ин ноҳияи овозадорро боз ҳам ободтар намуда, ҷашни муҳими миллиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гиранд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки сарфакорӣ дар зиндагӣ, худдорӣ аз сафарҳои бефоида ва маъракаҳои зиёдатӣ, ки ба буҷаи оилавӣ зарар мерасонанд, яке аз омилҳои муҳими таъмини зиндагии шоиста мебошад. Раиси ноҳия хотиррасон намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» маҳз ба хотири манфиати мардум қабул гардида, Пешвои муаззами миллат пайваста мардумро ба худдорӣ аз зиёдаравӣ ва андешидани чораҳои захиравии озуқаворӣ барои на кам аз ду сол даъват менамоянд, зеро вазъи мураккаби ҷаҳонӣ метавонад ба таъминоти озуқаворӣ таъсири манфӣ расонад.
Дар бахши кишоварзӣ Раиси ноҳия ба пешниҳоду дастурҳои Президенти кишвар таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони ноҳия бояд суръати рушди соҳа афзоиш ёфта, фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ таъмин ва сатҳи амнияти озуқаворӣ боз ҳам мустаҳкам гардад. Ба кишоварзон, деҳқонон ва мутахассисони соҳа таъкид шуд, ки ҳар як ваҷаби заминро оқилона ва самаранок истифода баранд.
Ёдовар гардид, ки тибқи маълумоти Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2030 зиёда аз 500 миллион нафар дар ҷаҳон ба гуруснагӣ дучор хоҳанд шуд ва танҳо дар соли 2024 шумораи афроди гирифтори гуруснагии доимӣ ба 670 миллион нафар расидааст. Дар чунин шароит таъмини амнияти озуқаворӣ вазифаи муҳими ҳар як кишвар ба шумор меравад.
Ҳозирин зимни вохӯрӣ аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Паёми Сарвари давлат барои ҳар як шаҳрванди кишвар дастури амалӣ ба ҳисоб рафта, иҷрои талаботу ҳидоятҳои он заминаи асосии рушди устувор ва таъмини зиндагии шоиста мебошад. Сокинон омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва тарбияи дурусти насли наврас иброз намуданд.
Зикр гардид, ки танҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва масъулияти шаҳрвандӣ метавон ба ҳадафҳои бузурги миллӣ ноил гардид. Фаъолони деҳот изҳор доштанд, ки минбаъд низ бо дастгирии сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду пешрафти ноҳияи Айнӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд ва барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро сафарбар хоҳанд кард.
Дар фарҷом Раиси ноҳияи Айнӣ ба сардори Раёсати кишоварзӣ, Раиси Кумитаи замин ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дастур дод, ки заминҳоро барои кишти баҳорӣ фавран омода намуда, маъракаи кишти баҳориро то аввали моҳи апрел пурра ба анҷом расонанд.
Дар охири вохӯрӣ як қатор кишоварзони фаъол барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини амнияти озуқаворӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои Раиси ноҳияи Айнӣ сарфароз гардонида шуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 26

Leave a Reply

Back to top button