Хабарҳои руз

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — раҳнамо ба сӯи ояндаи дурахшон

Бо мақсади расонидани нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, вохӯрии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо сокинони деҳаҳои Зоосун ва Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Раиси ноҳия доир ба самтҳои асосии Паёми Президент, аз ҷумла омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи сарфакорона ва мақсадноки нерӯи барқ, риояи қонунҳои амалкунанда, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим», тарбияи дурусти кӯдакон ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хизмат ба Ватан-Модар, инчунин мубориза бо зуҳуроти номатлуби экстремизм ва терроризм суханронӣ намуд.
Раиси ноҳия дар баромади худ ба масъалаи истифодаи самараноки замин таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид кард, ки сиёсати ғамхоронаи давлат дар самти тақсими замин ва фароҳам овардани шароити мусоид барои деҳқонон ба манфиати ҳар як кишоварз равона гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар ҷаҳон кам давлатҳое ҳастанд, ки чунин дастгирии воқеиро нисбат ба кишоварзон роҳандозӣ менамоянд. Аз ин рӯ, истифодаи оқилона ва самараноки замин нишонаи шукргузорӣ аз ин ғамхориҳост.
Зикр гардид, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон бояд ба марҳилаи нави худтаъминкунии озуқаворӣ ворид гардад. Давлат заминро ба аҳолӣ додааст ва ҳаҷми андозҳо дар қиёс бо дигар давлатҳо ночиз мебошад, бинобар ин ҳар як деҳқон вазифадор аст заминро самаранок истифода барад.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин маълумот дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии ба номи «Туғрал» дорои 65 гектар замини обӣ ва 37,5 гектар боғ буда, ду деҳа — Сангистон ва Зоосунро фаро мегирад. Шумораи саҳмдорони хоҷагӣ 520 нафарро ташкил медиҳад. Дар соли 2025 аз ҳисоби фурӯши мева, сабзавот, чорво ва ҳезум ба хоҷагӣ 151 ҳазору 665 сомонӣ даромад ворид гардидааст.
Гуфта шуд, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар мавзеи Дашти Маҳмудобод қубурҳои обтаъминкунӣ азнавсозӣ гардида, 50 гектар замин ба обёрӣ фаро гирифта шуд. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки дар ҳамин мавзеъ бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи варзишӣ бунёд карда шавад.
Сокинони деҳаҳо инчунин ташаббусҳои дигар, аз қабили бунёди боғи нав ва ташкили ҳавзи моҳипарварӣ дар назди дарёи Зарафшон, азнавсозии боғҳои кӯҳна, таъмиру таҷдиди ҷӯйборҳо ва қубурҳои обтаъминкунӣ, беҳсозии роҳҳои байнидеҳавӣ, ҳифзи замину боғҳо аз чорво ва офатҳои табиӣ, инчунин ташкили синфхонаҳои иловагӣ ва захира кардани об дар мавсими камобиро пешниҳод намуданд.
Раиси ноҳия ҳамаи ин ташаббусҳоро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҳамеша аз чунин иқдомҳои созанда дастгирӣ менамояд ва ҷиҳати амалӣ гардонидани онҳо бо ҷалби мутахассисон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Равшан Раҳимзода сокинони деҳаҳои Зоосун ва Сангистонро ба саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, рушди Ватан ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум даъват намуд.
Ҳамчунин дар анҷоми чорабинӣ як қатор кишоварзон ва пиллапарварони фаъол бо Сипосномаҳои Раиси ноҳияи Айнӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 20

Leave a Reply

Back to top button