Хабарҳои руз

Омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 дар ноҳияи Айнӣ баррасӣ гардид

Таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ҷаласаи ситод оид ба гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1999–2008 ба хизмати ҳарбӣ дар доираи даъвати баҳории соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласа Раиси Комиссияи даъватии ноҳия, Комиссари ҳарбии ноҳия, кормандони Комиссариати ҳарбӣ, Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, котибони ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба омодагии ҳамаҷониба ба даъвати баҳории соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳолати шаҳрвандони синни даъватӣ дар ноҳия ба роҳ монда шуда, шумораи дақиқи даъватшавандагон, ки бояд дар маъракаи даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шаванд, муайян карда шавад.
Бо мақсади босифат ва муташаккилона гузаронидани чорабиниҳои маъракаи даъват дар шаҳраку деҳоти ноҳия, ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, баланд бардоштани моҳияту мазмуни ватанпарварӣ ва омодагии ҷавонон ба ҳимояи Ватан, ҷалби фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба чорабиниҳо оид ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон зарур шуморида шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа шахсони масъул вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони синни даъватӣ ва волидони онҳо мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда чораҳои мушаххас андешанд. Ҳамзамон, ба беморхонаи марказии ноҳия ва сохторҳои зертобеи он супориш дода шуд, ки баҳри беҳдошти сатҳи саломатӣ, ташхис, табобат ва солимгардонии шаҳрвандони синни даъватӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.
Зикр гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи баланди ҳисси ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи муқаддаси ҳар як ҷавонписари кишвар мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун такягоҳи асосии давлату миллат, кафили сулҳу субот, амнияти миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан нақши сарнавиштсоз доранд. Иҷрои софдилонаи ин вазифаи муқаддас мактаби ҷасорат, мардонагӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба давлату миллат ба шумор меравад.
Дар фарҷоми ҷаласа таъкид шуд, ки ҳамаи сохторҳои марбута вазифадоранд дар ҳамкории зич ва ҳамоҳангшуда фаъолият намуда, маъракаи даъвати баҳории соли 2026-ро дар сатҳи баланд, мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор намоянд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 17

Leave a Reply

Back to top button