Хабарҳои руз

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳияи Айнӣ

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва шанбе қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳияи Айнӣ дар асоси равзанаи ягона баргузор мегардад. Ин иқдом бо мақсади таъмини дастрасии мустақими шаҳрвандон ба роҳбарияти ноҳия, баррасии саривақтии муроҷиатҳо ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии сокинон роҳандозӣ шудааст.
Дар ҷараёни қабули шаҳрвандон муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ иштирок намуда, вобаста ба самти муроҷиатҳо ба шаҳрвандон шарҳу тавзеҳ пешниҳод менамоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар рӯзи қабул шаҳрвандон асосан бо масъалаҳои таъмин бо ҷойи кор, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва корам, расонидани кӯмаки моддӣ, шуғлнокӣ, хизматрасонии коммуналӣ, таъмиру таҷдиди хатҳои барқтаъминкунӣ, беҳбуди вазъи иҷтимоӣ ва дигар мушкилоти рӯзгору маишӣ муроҷиат менамоянд.
Муроҷиатҳои шаҳрвандон мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди қабул ва баррасӣ қарор гирифта, барои ҳалли қонунӣ ва саривақтӣ ба сохторҳои дахлдор ирсол мегарданд.
Дар ҳамин замина, имрӯз — 9 феврали соли 2026, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода баргузор шуд. Зимни ин қабул сокинон масъалаҳои гуногуни рӯзмарра, аз ҷумла баҳси замин, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ, расонидани кӯмаки моддӣ ва дигар дархостҳои иҷтимоиро ба миён гузоштанд.
Раиси ноҳия ҳар як муроҷиати шаҳрвандонро бодиққат шунида, вобаста ба ҳалли онҳо ба роҳбарони сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки ба масъалаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ бояд эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Қабули шаҳрвандон яке аз воситаҳои муҳими робитаи мустақими мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо аҳолӣ буда, ба таҳкими боварии сокинон ва ҳалли самараноки масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 21

Leave a Reply

Back to top button