
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ вохӯрии Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо намояндагони Лоиҳаи “Идоракунии ҳамгироии захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон” баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ рафти татбиқи фаъолияти Лоиҳа дар ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон ҷаласаи навбатии гурӯҳи муколамаи ҳавзаҳои обҷамъшав низ доир гардид. Зикр гардид, ки Лоиҳа бо дастгирии Фонди Тоҷикистонии Оғохон дар доираи барномаҳои рушд барои солҳои 2022–2027 амалӣ шуда, ҳадафи асосии он рушди устувори соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, ҷангал, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Раиси ноҳия зимни муҳокимаи фаъолияти Лоиҳа ба сифати корҳои иҷрошуда таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз масъулин даъват ба амал овард, ки маълумоти дақиқу шаффоф пешниҳод намоянд. Ҳамчунин пешниҳодҳои мутахассисон вобаста ба рушди соҳаи картошкапарварӣ, татбиқи корҳои биотехникӣ ва таъмини деҳқонон бо таҷҳизоти зарурии кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки айни ҳол аз ҷониби Лоиҳа 15 тонна картошкаи тухмӣ омода гардида, бо фаро расидани мавсим ба деҳқонони минтақаҳои фарогири Лоиҳа дастрас карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар нақшаҳои Лоиҳа барои соли 2026 татбиқи як қатор ташаббусҳои нав, аз ҷумла роҳандозии моделҳои ҷангал, таъсиси ниҳолхонаи ҷангал, ташкил намудани маҳфилҳои пермакултура, баланд бардоштани сатҳи тавонмандии аҳолӣ, баргузории озмунҳо ва дастгирии устоҳои маҳаллӣ ҷиҳати паҳн намудани технологияҳои сарфаи нерӯ пешбинӣ шудааст.
Барномаи Лоиҳа самтҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, ҷангал, ҳифзи муҳити зист, барқарорсозии ҷангал ва замину боғҳои кишоварзиро фаро гирифта, таъмини деҳқонон бо биотехника, тухмӣ, техникаи кишоварзӣ, доруворӣ, нерӯи сабз, трактор, мотоблок ва дигар таҷҳизоти заруриро дар бар мегирад.
Ҳамзамон, дар доираи барномаи “Беҳсозии ғизо” дар ҳамкорӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим (ТТҲС) як қатор чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба гуногунии ғизо, истеъмоли меваю сабзавот ва витаминҳо миёни аҳолӣ, кормандони соҳаи тиб ва муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ гардидааст. Омӯзиши ташвиқгарони ғизо, омӯзгорони мактабҳои ҳадафӣ ва баргузории озмуну викторинаҳо вобаста ба гигиена, санитария ва ғизои солим аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошанд.
Илова бар ин, Лоиҳа дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва полезӣ, санитария ва беҳдошт низ фаъолият намуда, як қатор иншооти зарурӣ аллакай ба истифода дода шудаанд. Дастгирии хонаводаҳо дар самти ташкили гармхонаҳо ва рушди инфрасохтори зарурӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки ҳамаи корҳои пешбинишуда бояд бо сифати баланд, интихоби дурусти мавзеъҳо ва бо дарназардошти эҳтиёҷоти воқеии аҳолӣ амалӣ карда шаванд. Ӯ зикр кард, ки сохтмони пулҳои одамгузар ва кашидани хатҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ бояд танҳо дар ҷойҳое анҷом дода шавад, ки воқеан ниёз вуҷуд дорад.
Бо назардошти аҳамияти ҳамгироии талошҳо, ба раисони ҷамоатҳо, сохторҳои раёсати кишоварзӣ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия, мақомоти ҳифзи муҳити зист, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон, маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, МНДСЭ ва дигар сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи самараноки ҳадафҳои Лоиҳа ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.
Раиси ноҳия зикр намуд, ки чунин Лоиҳаҳо намунаи равшани ҳамдастии самараноки шарикони рушд бо мақомоти маҳаллӣ буда, дар доираи барномаҳои давлатӣ ва сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба рушди устувори деҳот ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат менамоянд.
Дар интиҳои вохӯрӣ ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва идораи обтаъминкунӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, назорати доимии иҷрои онҳо таъкид гардид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 18










